Профессор Сайфиддин Давлатзода, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар: Хориҷ кардани донишҷӯ роҳи ҳалли масъала нест

Февраль 2, 2020 09:12

ДУШАНБЕ, 02.02.2020/АМИТ «Ховар»/. Хориҷ кардани донишҷӯён роҳи ҳалли масъала нест, иброз дошт ректори Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрави шаҳри Бохтар Сайфиддин Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ,  ки  31-уми январ  баргузор гардид.

Номбурда ба  саволи хабарнигор дар бораи он ки дар соли 2019 чанд нафар донишҷӯён барои насупоридани имтиҳоноти даврӣ ва маблағи шартнома хориҷ шудаанд,  чунин посух дод:

«Ман ҳанӯз дар вазифаи муовини Вазири маориф ва илм кор карданам, ки назорати донишгоҳҳо бар уҳдаи ман буд, зидди хориҷ кардани донишҷӯён бо сабаби саривақт насупурдани маблағи шартнома ё имтиҳонҳои даврӣ будам. Зимни баррасии аризаҳое, ки ба  вазорат вобаста ба ин масъала ворид мешуданд, ба донишгоҳҳо тавсия медодем, ки ба донишҷӯён имкон бидиҳанд, то давра ба давра маблағи шартнома ва имтиҳоноти худро такроран бисупоранд».

Сайфиддин Давлаттзода  ҳамзамон илова кард, ки  вазъи иҷтимоии баъзе аз оилаҳоро бояд ба назар гирифт ва ба онҳо имкон дод, ки дар ду давра маблағи шартномаашонро супоранд.

 «Вақте донишҷӯ хориҷ мешавад, ӯ ҷавон асту бекор мемонад. Вақте бекор монд,   ба ҳар гуна ҷиноят даст зааданаш имкон дорад. Аз ин хотир, бо он донишҷӯёне, ки имтиҳонҳои давриро саривақт супурда наметавонанд, бояд корбарӣ кард, то бо ҳамкурсони худ баробар шуда тавонанд. Хориҷ кардан роҳи ҳалли масъала нест», — гуфт   ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар.

Дар идомаи суҳбаташ Сайфиддин Давлатзода изҳор дошт, ки ба ин масъала диққат хоҳад дод  ва ҳамчун сарвари донишгоҳ то ҳадди ақал кӯшиш мекунад, ки ягон донишҷӯ хориҷ нашавад.

Хотиррасон менамоем, ки Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ба тозагӣ, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 24 январи соли равон, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таъйин шудааст.  Қаблан дар вазифаҳои  дотсенти  кафедраи ботаникаи факултети биологияи  ДМТ, сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, узви Шӯрои байнадавлатии аттестатсионӣ низ будааст. Доктори илмҳои биология, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон мебошад.

Февраль 2, 2020 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад