Радио метавонад тамоми қишрҳо, ҳатто табақаҳои осебпазири ҷомеаро фарогир бошад. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии радио
ДУШАНБЕ, 13.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аслан пайдоиши ин ид — Рӯзи ҷаҳонии радио маҳз дар ҳамин рӯзи соли 2011, зимни баргузории Конфронси 36-уми генералии ЮНЕСКО ба миён омад. Дар ин рӯз Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО ба Конфронси генералӣ тавсия дод, ки Рӯзи ҷаҳонии радио эълон кунад. Ҳамин тавр аз соли 2012 инҷониб 13 феврал дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Рӯзи радио ҷашн гирифта мешавад.
Бояд гуфт, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар мамлакати мо ҳамасола 7 май Рӯзи радио ва кормандони соҳаҳои алоқа таҷлил карда мешавад.
Радио воситаи беҳтарини расонидани иттилоот ба самъи шунавандагон мебошад. Он ба ҳама дастрас буда, дар замони ҳозира тариқи телефони мобилӣ, компютер, планшет ва интернет ҳар як нафар метавонад ба таври васеъ аз он истифода барад. Тариқи радио мардум метавонанд ба ҳамдигар паём расонда, суруду мусиқиҳои дилхоҳи худро дархост кунанд. Ҳатто дар замони имрӯза тариқи радио хариду фурӯш низ ба роҳ монда шудааст, ки яке аз роҳҳои осони тиҷорат мебошад.
Дар маҷмӯъ, радио яке аз дастрастарин ВАО ба ҳисоб меравад. Пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои иттилоотии он дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Дар баробари дигар намудҳои ВАО радиоҳое низ таъсис дода шуданд, ки барои иттилоотонии мардум саҳм мегузоранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсия ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода шудааст. Дар баробари ин аз 14 ноябри соли 1996 инҷониб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» амал мекунад, ки тамоми самтҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва фаъолияти телевизион ва радиошунавониро ба танзим медарорад. Тибқи маълумоти расмӣ, теъдоди телевизион ва радиоҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, соли 2019 ба 80 адад расидааст. Аз ин шумора теъдоди радиоҳо 33 ададро ташкил дода, 10 адад радиои давлатӣ ва 23 адад радиои хусусӣ мебошанд.
Имрӯз шабакаҳои давлатии Радиои Тоҷикистон, «Садои Душанбе», «Фарҳанг», «Овози тоҷик», «FM- Ховар», радиоҳои ғайридавлатии «Азия-Плюс», «Ватан», «Имрӯз», «Русское Радио Ориёно» ва чандин радиои дигар фаъолият намуда, дар ғанӣ гардонидани фазои иттилоотии мамлакат саҳм гузошта истодаанд.
Муовини аввали директори Радиои Тоҷикистон Обидҷон Сайидзода зимни суҳбат гуфт, ки 10 апрели соли 1930 бори нахуст дар фазои иттилоотии Тоҷикистон садои радиои ватанӣ шунида шуд. Дар муддати 20 соли фаъолият радиои тоҷик марҳилаҳои гуногунро тай кардааст, ки ҳар як давра хусусияти хос дорад. Ҷараёни ташаккули радиои тоҷик ба ду давраи мустақил: солҳои шӯравӣ ва даврони истиқлолият рост меояд.
Тибқи маълумоти илмӣ, радиои марҳилаи аввал, яъне замони шӯравӣ нисбатан қолабӣ буда, барномаҳои он бо якмаромӣ, воҳидӣ ва аз ҷиҳати ғоявӣ мустақил будан фарқ мекунанд. Дар давраи дуюми инкишофи радиои тоҷик, ки ба замони истиқлолият рост меояд, барномаҳои он, пеш аз ҳама, бо дигаргун шудани низоми пахши барномаҳои радиоӣ ва рангоранг гардидани мақому дараҷаи мазмуну мӯҳтавои гуфторҳо фарқ мекунад.
Ба андешаи мавсуф, маҳз бо фароҳам шудани имкониятҳои нави технологӣ дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон радиои тоҷик қадамҳои нави созандаро дар фазои иттилоотии мамлакат гузошт.
Радиои «FM-Ховар»-и Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» аз ҷумлаи радиоҳоест, ки имрӯз ба таври шабонарӯзӣ фаъолият дорад.
Тавре директори Радиои «FM Ховар» Саидҷаъфар Ашурзода зимни суҳбат зикр намуд, он 2 июни соли 2011 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Нахуст садои Радиои «FM Ховар» дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он пахш мегардид. Баъди фаъолияти начандон тӯлонӣ, фарогирии мавҷи ин радио то шаҳрҳои Бохтару Кӯлоби вилояти Хатлон ва ноҳияҳои атрофи ин шаҳрҳо (рӯйи мавҷи 100,5 FM) васеъ карда шуд».
Мавсуф ҳамчунин илова намуд, ки соли 2015 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва навоҳии атрофи он (рӯйи мавҷи 91,5 FM) дастрасии мавҷи Радиои «FM- Ховар» имконпазир гардид. Хусусияти фарқкунандаи он аз дигар радиоҳо ин аст, ки «FM Ховар» нахустин радио дар Тоҷикистон мебошад, ки тавассути Шабакаи ҷаҳонии интернет дар суроғаи АМИТ «Ховар» www.кhovar.tj мавриди таваҷҷуҳи шунавандаҳои ватанӣ ва бурунмарзӣ қарор гирифт.
Айни ҳол дар радио 18 нафар фаъолият дошта, сари вақт ва оҷилан хабар, гузоришҳои фаврӣ, барномаҳои зиёди таҳлилӣ, сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва варзишӣ пешниҳоди шунавандаҳо гардонида мешаванд.
Имрӯз метавон гуфт, ки радио дар ҳаёти мардум нақши басо муассир дорад, зеро тавре дар сомонаи расмии СММ омадааст: «Радио метавонад тамоми қишрҳо, ҳатто табақаҳои осебпазири ҷомеаро фарогир бошад, ба онҳо имконият фароҳам орад, ки дар ҳаёти ҳамарӯзаи ҷомеа ширкат варзанд. Зиёда аз ин, радио ҳангоми ҳолатҳои фавқулода нақши барҷаста бозида, кумакрасонӣ зимни офатҳои табииро осон мекунад».
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»










Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд






