«ШАҲПИСАРИ ХАЙЁМ». Нашриёти «Адиб» 100 нусхаи охири ин китобро ба фурӯш мегузорад

Февраль 19, 2020 15:25

ДУШАНБЕ, 19.02.2029. /АМИТ «Ховар»/. 22 феврал  дар толори Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ҳафтаи ҳаштуми намоиш-фурӯши китобҳои Нашриёти «Адиб» дар соли равон баргузор мегардад. Дар намоиш-фурӯши китоб 100 нусхаи охири китоби «Шаҳписари Хайём»-и Камол Насрулло ба фурӯш гузошта мешавад. Агар мехоҳед аз асрори зиндагӣ ва марги устод Лоиқ, шигифтиҳои ашъор, дастовардҳои беназири ӯ дар шеъри муосир огоҳӣ дошта бошед, бо муаллифи ин асрор аз назди шинос шаведу соядаст гиред, ба ин намоиш-фурӯш марҳамат намоед.

Тавре дар суҳбат ба мо  муаллифи китоб ва  шогирди устод Лоиқ Шералӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло иброз намуд,  асари мазкур аз ду қисмат иборат мебошад.

«Дар қисми аввали китоб ёддоштҳо роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолият, сафарҳо, муносибати дӯстона бо устодони гузашта ва лаҳзаҳои ҷолиби ҳаёти устод, ки худам шахсан шоҳидашон мебошам, дарҷ ёфтаанд. Қисмати дуввуми китоб «Пажӯҳиши осори устод Лоиқ Шералӣ» мебошад»,- иброз дошт шоир.

Камол Насрулло гуфт, ки китоб ба он хотир «Шаҳписари Хайём» унвон гирифтааст, ки дар он  мақолае бо ҳамин ном ҷой дода шудааст. Дар мақолаи мазкур  роҷеъ ба дубайтию рубоиҳои устод ва монандии  онҳо  бо рубоиҳои устодони гузашта, аз ҷумла Умари Хайём изҳори назар  карда шудааст.

Хонандагоне, ки ин китобро харидорӣ менамоянд, ба хубӣ пай мебаранд, ки Лоиқ Шералӣ ба он андоза бузург аст, ки ҳар як мисраи эҷоднамудааш мондагор ва дилчасп аст.

Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳ 22 феврал,  соати 08:00 оғоз меёбад.

Февраль 19, 2020 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад