Шаҳрванди аз Чин таҳвилдодаи Тоҷикистон дар осоишгоҳи Тюмени Россия таҳти назорати тиббӣ қарор дорад
ДУШАНБЕ, 07.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати кормандони осоишгоҳи «Градостроител»-и Тюмени Федератсияи Россия, ки дар он ҷо шаҳрвандони аз Чин таҳвилдода ба карантин фаро гирифта шудаанд, таҳти назорати ҳамарӯзаи тиббӣ қарор доранд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи панҷшанбе сардори шуъбаи минтақавии «Роспотребнадзор» Галина Шарухо ба хабарнигорон иттилоъ дод.
5 феврал 144 нафар, аз ҷумла 4 нафар кӯдак тавассути ду ҳавопаймои низомӣ аз Чин ба Тюмен таҳвил дода шуданд. Ҳамаи онҳо давоми 14 рӯз дар маркази табобатию барқарорсозӣ дар масофаи 28 км дуртар аз Тюмен ҷойгир карда мешаванд. Ин тадбири меъёрии амниятӣ барои чунин ҳолатҳост, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
«Мо тадбирҳои амниятиро, хусусан барои ҳифзи кормандони тиб ҷорӣ намудем. Ҳеҷ кадоме аз кормандон бидуни либоси махсус бо онҳо иртибот намекунад. Ҳамаи кормандон таҳти назорати рӯзонаи тиббӣ қарор доранд. Ҳама чиз дар ҳуҷҷатҳо сабт мешавад. Мо итминон дорем, ки кормандонамонро ҳимоя карда метавонем ва барои ин ҳама тадбирҳоро андешидем», — гуфт Шарухо.
Ба гуфтаи ӯ, осоишгоҳ ҳамчун як маркази барқарорсозӣ интихоб гардидааст, зеро он дар аввал ҳамчун маркази мубориза бар зидди бемории сил сохта шуда буд.
«Дар марказ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст, зеро он ҳамчун осоишгоҳи мубориза бар зидди сил бунёд гардида буд», — гуфт Шарухо.
Дар навбати худ, сардори Раёсати минтақавии тандурустӣ Инна Куликова ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар баробари русҳо ҳамчунин шаҳрвандони Беларус, Арманистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон низ дар карантин қарор доранд.
«Сокинони минтақаҳои гуногун дар карантин ҳастанд. 16 шаҳрванди давлатҳои хориҷӣ дар карантин мебошанд. Онҳо шаҳрвандони Беларус, Арманистон, Қазоқистон ва Тоҷикистонанд. Кӯдакони дар карантинбуда шаҳрвандони Россия мебошанд. Чор нафар кӯдак дар карантин буда, ҳама саломатанд», — гуфт Куликова.
Галина Шарухо инчунин тазаккур дод, ки бағоҷи шахсони аз Чин таҳвилдода ҳоло ба онҳо баргардонида нашудааст.
«Дар саҳро бағоҷҳо аз берун безарар гардонида шуданд. <…> Баъдан онҳо бо нақлиёти алоҳида ба осоишгоҳ оварда шуда, ҳоло дар утоқи алоҳида қарор доранд. Он чизе, ки дар дохили бағоҷҳост, метавонад ба соҳибонашон хатарнок бошад. Мо ба «Роспотребнадзор» дархост фиристодем, ки безараргардонии борҳо чӣ гуна сурат мегирад», — гуфт ӯ.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар дода буд, 80 нафар тавассути аввалин ҳавопаймои неруҳои ҳарбӣ-кайҳонии Россия аз шаҳри Вуҳани Чин ба вилояти Тюмен таҳвил дода шудаанд, ки ду нафарашон хориҷӣ — шаҳрвандони Тоҷикистон ва Арманистон мебошанд.
ДАР АКС: кормандони маркази табобатию барқарорсозии «Градостроител». Акс аз ТАСС








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






