Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ номи вируси навро короно 19 (COVID-19) интихоб кард
ДУШАНБЕ, 12.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 11 феврал Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) барои вируси наве, ки имрӯз ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, расман номи короно 19 (COVID-19) интихоб намуд. Ин ишора ба «короно», «вирус», «беморӣ» ва 2019 дорад, ки соли кашфи он аст. То дирӯз ин беморӣ бо номи илмии 2019-nCoV ёд мешуд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, то ҳоло дар беморхона ва истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ 922 нафар шахсоне, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон омадаанд, дар ҳолати карантин қарор дода шудаанд. Аз ин шумора 111 нафарашонро занон, 7 нафарро кӯдакон ва 70 каси дигарро шаҳрвандони Чин ташкил медиҳанд.
Ба иттилои манбаъ, то 12 феврал аз шумораи умумии нафарони дар карантин буда (940 нафар) ба шаҳри Душанбе 406 нафар, ба вилояти Суғд — 227, ба вилояти Хатлон — 52, ба ВМКБ – 29, ба шаҳри Ҳисор — 84 (аз ҷумла 6 нафар шаҳрвандони ҶМЧ), ба лагери бачагонаи «Барқчиён» 70 (11 нафари онҳо шаҳрвандони Чин мебошанд), ба шаҳри Турсунзода 9 рост омада, дар осоишгоҳи «Харангон» 63 нафар қарор доранд. Ҳамаи ин нафарон зери назорати шадиди духтурон қарор дошта, то имрӯз дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи сироят ба ин вирус ба қайд гирифта нашудааст.
Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, тибқи маълумоти расмии Ҷумҳурии Мардумии Чин, то субҳи имрӯз шумораи фавтидагон аз вируси короно 19 ба 1112 нафар расидааст. Аз ҷумла, дар маркази густариши ин беморӣ- вилояти Ҳубейи Чин шумораи ҳалокшудагон 1068 нафар эълон шудааст. То кунун 44 ҳазору 794 (дар Чин 44330) нафар ҳамчун сироятшудагони ин вирус сабти ном шудаанд.
Инчунин шумораи сироятёфтагон ба вируси короно 2019-nCoV дар киштии тафреҳии «Diamond Princess»-и Япония, ки дар соҳилҳои ин кишвар дар карантин мебошад, ба 174 нафар расидааст. Ҳоло дар ин киштӣ 3700 нафар мусофирон ва сарнишинони он интизори иҷозаи хуруҷ ҳастанд. Тавре гуфта мешавад, қисме аз ин афрод шаҳрвандони Япония, 24 нафар шаҳрвандони Россия ва боқимонда аз 56 кишвари олам мебошанд.
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади паст кардани хатари сирояти коронавирус 13 ҳазор нусха маълумотнома ва тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ нашр ва ба муассисаҳои тандурустӣ тақсим гардидаанд. Иқдоми мазкур имкон медиҳад, ки аҳолӣ ҳарчи бештар доир ба вируси мазкур огоҳӣ пайдо намуда, қоидаҳои санитарию гигиениро риоя намоянд.









Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






