«Спитамен Бонк» дар шаҳри Бохтар боз як маркази хизматрасонии бонкӣ ифтитоҳ намуд

Февраль 11, 2020 16:27

ДУШАНБЕ, 11.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар  маркази  шаҳри Бохтар аз ҷониби “Спитамен Бонк” боз як маркази хизматрасонии бонкӣ ифтитоҳ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти бонки мазкур хабар доданд.

Маркази хизматрасонии навбатӣ омода аст ба мизоҷони худ доираи васеи хизматрасониҳои бонкӣ пешниҳод намояд. Дар ин ҷо  мизоҷон метавонанд аз хизматрасонии «Интиқоли маблағ» тавассути низомҳои CONTACT, ЮНИСТРИМ ва WESTERN UNION истифода бурда,  ҳамзамон кортҳои бонкии низомҳои “Корти миллӣ”/UnionPay ва VISA фармоиш диҳанд, инчунин оид ба дигар масъалаҳои бонкӣ маслиҳат гиранд.

Айни замон 25 филиал ва марказҳои хизматрасонии “Спитамен Бонк”  дар саросари кишвар фаъолият  дошта,  ба  шахсони  воқеӣ ва ҳуқуқӣ номгӯи васеи хизматрасониро пешниҳод мекунад.

ДАР АКС: ифтитоҳи маркази нави хизматрасонии «Спитамен Бонк» дар шаҳри Бохтар.

Февраль 11, 2020 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад