Теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар Чин ба 2236 нафар расид
ДУШАНБЕ, 21.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди қурбониёни коронавируси нав дар Чин то 2236 нафар афзуда, 18 ҳазору 264 нафар шифо ёфтаанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора имрӯз Кумитаи давлатӣ оид ба масъалаҳои тандурустии ҶМЧ эълон кард.
Бино ба маълумоти ин Кумита, дар як шабонарӯз 118 нафар аз беморие, ки тавассути коронавирус ба вуҷуд омадааст, фавтиданд ва 2109 нафар аз беморхона рухсат шуданд. Шумораи умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Чин аз 75,4 ҳазор нафар гузашта, дар як рӯз то 889 нафар зиёд гардидаст.
Мақомоти Чин зикр кардаанд, ки дар қаламрави 31 музофот ҳоло 54,965 нафар беморанд, ки вазъи 11,6 ҳазор нафари онҳо вазнин арзёбӣ мегардад.
Шумораи аз ҳама бештари фавтидагон — 115 ҳолат дар музофоти Ҳубей ба қайд гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ, дар ин музофот, ки моҳи декабри соли гузашта паҳншавии коронавирус ба қайд гирифта шуда буд, 62,4 ҳазор ҳодисаи сироятшавӣ сабт шудааст. Зиёда аз 1,4 ҳазор нафар беморон шифо ёфта, аз беморхонаҳо рухсат шудаанд.








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






