Теъдоди сироятшудагони коронавирус дар Чин ба 40 ҳазор нафар расид

Февраль 10, 2020 11:06

ДУШАНБЕ, 10.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди гирифторони  коронавируси нав дар Чин ба 40 ҳазор нафар расид. Дар ин бора рӯзи душанбе Кумитаи давлатӣ  оид ба масъалаҳои беҳдошт ва ҳифзи тандурустии ин кишвар хабар дод, иттилоъ медиҳад АМИТ « Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Аз рӯи маълумоти пешниҳоднамудаи  Кумита, дар як шабонарӯз  шумораи мубталоён дар Чин ба 3062 нафар расида, қурбониёни ин беморӣ 97 нафарро ташкил менамоянд ва  ин нишондиҳанда дар маҷмӯъ 908 нафарро дар бар мегирад. 632 мариз аз беморхона раҳо гаштанд. Шумораи  умумии шифоёфтагон 3361 нафар мебошад.

64 ҳолати сироятёбии нав  дар Гонконг, Макао ва Тайван  тасдиқ гардид.

Кумитаи давлатӣ  оид ба беҳдошт  ва  тандурустии  ин кишвар  хабар додааст, ки  шумораи фавтидагон аз бемории илтиҳоби шуш, ки барангезандааш  коронавируси нав аст,  дар вилояти Хубейи Чин 8 феврал ба 91 нафар баробар шуда, то 871 нафар расидааст.

Ба маълумоти манбаъ, дар як шабонарӯз зиёда аз 2,6 нафар гирифтори ин беморӣ гардида, шумораи умумии сироятёфтагон дар вилоят  аз 29 ҳазор нафар зиёд  шудааст. 356  нафар аз муассисаҳои тиббӣ ҷавоб дода шуданд.

Ҳамин тариқ, шумораи гирифторони вирус дар Чин ба беш аз 39 ҳазор нафар расида, қурбониёни беморӣ дар қаламрави кишвар  904 нафаранд. 3281 нафар шифо ёфтаанд.

Февраль 10, 2020 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид