Тоҷикистон ва САҲА ҷиҳати пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир муборизаи муштарак мебаранд
ДУШАНБЕ, 21.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҷиҳати пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир муборизаи муштарак мебаранд. Дар ин хусус дирӯз дар шаҳри Душанбе санади дахлдор ба имзо расид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, масъалаи мазкур зимни вохӯрии Директори Агентӣ Шерхон Салимзода бо ҳайати намояндагон ва роҳбари Департаменти ҳарбӣ-сиёсии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Флориан Разесбергер муҳокима шуд.
Шерхон Салимзода бо ёдоварӣ аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорати муомилоти маводи нашъаовар ба меҳмонон оид ба тамоюлу равандҳо дар ин маврид, нигаронӣ аз воридот ва паҳншавии моддаҳои нави синтетикии нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни қишрҳои иҷтимоии аҳолӣ маълумот дод.
Ҷонибҳо «Нақшаи чорабиниҳои муштараки Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020»-ро ба имзо расониданд.
Дар доираи нақшаи мазкур омӯзиш ва тайёр намудани тренерҳои касбӣ аз ҳисоби кормандони ҷавони Агентӣ дар самти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, баргузории чорабиниҳои зидди нашъамандӣ барои паст кардани сатҳи нашъамандӣ ва вобастагӣ тавассути муносибати пурарзиш, таваҷҷуҳ ба шароит ва гурӯҳҳои осебпазир ва дигар барномаҳои оммавӣ ташкилу баргузор карда мешаванд.








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд






