Тоҳир Каримзода, сардори Хадамоти муҳоҷират: «Зимни ҳар як сафарашон ба Федератсияи Россия Пешвои миллат бо ҳамватанони бурунмарзӣ, зодагони Тоҷикистон вохӯриҳои судманду созанда анҷом медиҳанд»

Февраль 25, 2020 16:18

ДУШАНБЕ, 25.02.2020 /АМИТ«Ховар»/. 20 декабри соли 2019  дар шаҳри Санкт-Петербург Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи ғайринавбатии Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот карданд. Дар ҷарёни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкории стратегии ду кишвар  мавриди  таваҷҷуҳи тарафайн қарор доштанд. Зимни вохурӣ ҷараёни  татбиқи тадбирҳо оид ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, бахусус масъалаи эълони авфи навбатии муҳоҷирон аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Россия  муҳокима карда шуданд.

Дар ин робита, хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Тоҳир КАРИМЗОДА   доир ба  масъалаҳои  муҳоҷират  ва  омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ  ҳамсуҳбат гардид. Номбурда дар ин бора чунин ибрози андеша намуд:

 -Тайи ду даҳсола  муҳоҷирати меҳнатӣ  ба раванди умумиҷаҳонӣ ва падидаи глобалӣ табдил ёфта, тибқи  пешбиниҳои СММ,   то соли 2050  теъдоди  муҳоҷирони меҳнатӣ  дар ҷаҳон ба 405 миллион нафар хоҳад расид.

Тавре аз гузориши СММ бармеояд, муҳоҷирати меҳнатӣ барои таъмину тақсимшавии мутаносибан баробари қувваи корӣ дар тамоми ҷаҳон кумак намуда, аз ҳисоби мубодилаи малака ва касбу кор барои пешбурди ҷараёни рушди истеҳсолоти инноватсионӣ мусоидат мекунад. Ин матлабро таҳлилгарони созмонҳои байналмилалии меҳнат ва муҳоҷират низ таъкид карда, зикр намудаанд,  ки истифодаи самараноки муҳоҷирати меҳнатӣ ҳам ба кишвари қабулкунанда ва ҳам ба давлати интиқолдиҳандаи он манфиати калони иқтисодӣ меорад. Бинобар ин мо муҳоҷирати меҳнатиро чун як падидаи маъмули замона бояд дарк ва қабул намоем.

Тавре дар маълумотномаи СММ омадааст, кишварҳои пешсафи қабулкунандаи муҳоҷирон, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳидаи Америка  (47,5 млн), Германия (12,6 млн), Арабистони Саудӣ (12,2 млн), Федератсияи Россия (11,7 млн)  ва Британияи Кабир (9,2 млн)  мебошанд.  Кишварҳои асосии интиқолдиҳандаи  муҳоҷирон дар ҷаҳон Ҳиндустон (16,4 миллион нафар), Мексика (11,9 миллион), Федератсияи Россия  (11 миллион) ва  Чин  (10,1 миллион нафар)  арзёбӣ гардидаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар давлатҳо имрӯз аз тағйироти равандҳои муҳоҷират дар канор нест, зеро  мамлакати мо дорои захираҳои бузурги қувваи корӣ мебошад.

Ин масъала ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва истифодаи самараноки қувваҳои корӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат  равона гардидааст.

Бояд хотиррасон кард, ки зимни ҳар як сафар ба Федератсияи Россия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои ҳамидаи инсондӯстӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ, зодагони Тоҷикистон вохӯриҳои судманду созанда анҷом медиҳанд.

Мавриди зикр аст, ки 24 феврали соли равон Вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин музокирот анҷом доданд. Ҷонибҳо дар баробари дигар масоил, ба ҳамкорӣ дар соҳаи  муҳоҷират, ки дар муносибатҳои дуҷониба мавқеи муҳимро ишғол менамояд, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Россия  баҳри беҳтар намудани шароити будубоши намояндагони Тоҷикистон дар Россияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Россия яке аз кишварҳои асосии қабулкунандаи муҳоҷирони  меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  маҳсуб мешавад. Ин мамлакат бо зарфиятҳову тавонмандиҳои иқтисодии бепоёни худ аз рӯи муҳосибаи коршиносон ба 80  миллион нерӯи корӣ ниёзмандӣ дорад.
Реҷаи бидуни раводиди  Россия   муҳоҷиронро ба ин кишвар дилгарм месозад, зеро рафтуомади онҳоро осон мегардонад. Бояд зикр кард, ки  мо, тоҷикон,  бо русҳо наздик ба саду панҷоҳ сол ҳамзистӣ дорем ва аксари шаҳрвандони мо ба забони русӣ, ба фарҳанг ва анъанаҳои ин халқи  балад ҳастанд ва дар нисбат ба  муҳоҷирони хориҷии дур  бо русҳо забони муштарак меёбанд ва унс мегиранд.

Имрӯзҳо дар воситаҳои ахбори омма баъзан дар бораи мушкилоти муҳоҷирони мо зиёд менависанд. Дар ҳақиқат мушкилот дар  самти муҳоҷирати меҳнатӣ  вуҷуд дорад, аммо ҷиҳатҳои мусбии он низ набояд  аз назарҳо  дур  монад.

Дар Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Қирғизистон  шумораи  муҳоҷирони муваффақи мо, ки  на танҳо барои хонаводаи худ зиндагии шоистаро таъмин намудаанд,  балки  ба мардуми муқимӣ низ кумаки моддӣ  мерасонанд,   хеле зиёданд.

Масалан,  айни замон дар ин вилояти Твери Федератсияи Россия  қариб 18 ҳазор тоҷикон кору  зиндагӣ  менамоянд. Тоҷикон дар ин вилояти Россия ба ҳайси  тоҷир, духтур, устодони донишгоҳҳо, сардорони сех, бригадир ва   дигар  корҳо дар қатори дигар халқиятҳо фаъолияти пурсамар доранд.  Яке аз муовинони Губернатори вилояти Твер тоҷик аст, ки  сарпарастии соҳа- кор бо ҷамъиятҳоро ба зимма дорад.

Чунин мисолҳоро аз ҳаёти тоҷикони дигар минтақаҳои Россия зиёд овардан мумкин аст. Ин  гуфтаҳо далели он аст, ки  ҳамкории судманд   байни ду давлат – Тоҷикистону Россия густариш ёфта,  тоҷикон дар ФР  мавқеи хосса пайдо менамоянд.

Барои саривақт огоҳ намудани муҳоҷирони меҳнатӣ аз талаботи нави қонунгузории Федератсияи Русия дар самти муҳоҷират аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда, тавассути воситаҳои ахбори омма пайваста гузоришҳо ва эълонҳо пахш мешаванд.

Соли гузашта  аз ҷониби сохторҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, маҳаллаҳо, фурудгоҳҳои байналмилалӣ, муассисаҳои таълимӣ, ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ  2 701 вохӯрӣ гузаронида шуд, ки дар онҳо 192 787 нафар муҳоҷири меҳнатӣ  иштирок намуданд.

Бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон барномаи ба кор таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Русия ва дигар кишварҳо манъ аст, тасдиқ гардидааст.             Соли 2019 ба сохторҳои Хадамоти муҳоҷират 50 593  нафар шаҳрванд бо дархост муроҷиат карданд. Ҳангоми санҷиш ҳолати манъи вуруди дубораи 20 394 нафар шаҳрванди кишварамон ба Федератсияи Россия муайян  ва  онҳо аз сафари бебарор ба хориҷи ҷумҳурӣ  бозпас гардонида шуданд. Аз ин теъдод ба 10 352  нафар тавсия ба касбомӯзӣ ва ба 1 946  нафар тавсия барои ҷойи кор дар дохили  мамлакат  дода шуд. Дар натиҷа 546 нафар дорои касб гардида, 388 нафар дар дохили мамлакат  бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Ҳамчунин,  дар ин давра дар 183 ширкате, ки барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба ҷумҳурӣ иҷозатнома доранд, дар баробари ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ таносуби бокортаъминкунии шаҳрвандони ватанӣ риоя гардида, 24 013 нафар, аз ҷумлаи шаҳрвандони маҳаллӣ бо кор таъмин шуданд.

Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ  дар танзими масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо як зумра давлатҳо  ба тасвиб расида, айни замон кор дар самти татбиқи созишномаҳои  мазкур  идома дорад.

Соли 2019 як қатор чорабиниҳои муштараки байниҳукуматӣ, аз ҷумла ҷаласаи 16-уми Комиссия оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия  (20 март, ш.Душанбе), ҷаласаи навбатии Гурӯҳи коршиносони Тарафҳо (23-24 декабр, ш.Москва), ҷаласаи 24-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (11 октябр,  ш. Ереван), баргузор гардида, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Айни замон дар назди Хадамоти муҳоҷират «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ»  дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд ва Бохтар фаъолият менамоянд.

Ҳадафи асосии таъсиси чунин марказҳо — ин расонидани ёрии  амалӣ  тавассути   курсҳои машваратию таълимӣ ва кумаки ташкиливу молиявӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар ду марҳилаи муҳоҷирати меҳнатӣ- пеш аз сафар ва баъди бозгашт  мебошад.

Бояд хотиррасон намуд, ки  пеш аз сафар ба хориҷи  мамлакат  ҳар як муҳоҷир бояд забони давлати воридшударо дар ҳадди гуфтугӯ донад ва аз қонунҳои он бархӯрдор бошад. Зеро  надонистани забони давлатӣ яке аз душвории  асосии кори муҳоҷирон маҳсуб мешавад, ки онҳоро ба мушкилӣ рӯ  ба рӯ месозад.

Мояи хурсандист, ки имрӯз  нақши ҷамъиятҳо  ва марказҳои  фарҳангии тоҷикон  дар Федератсияи Россия дар самти ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ муассиртар мегардад.

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2015-2020» 7 ноябри соли 2019 Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Саҳми диаспораҳо ва ҷамъиятҳои фарҳангӣ дар таҳкими давлатдории миллии Тоҷикистон” баргузор  гардида, дар кори он роҳбарону фаъолони 34 диаспора ва ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ва масъулини марбутаи вазорату  идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ,  намояндагони сафоратҳои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилаливу ғайриҳукуматии муқими Тоҷикистон, васоити ахбори омма ва  коршиносони хориҷӣ  иштирок  намуданд.

Садафмоҳ ИСМОИЛБЕКОВА,
АМИТ «Ховар»

 

Февраль 25, 2020 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода