ТОЗАГИИ СОҲИЛ. Дар ин иқдом 5000 нафар сокинони Турсунзода ширкат намуданд

Февраль 24, 2020 10:49

ТУРСУНЗОДА, 24.02.2020 /АМИТ«Ховар»/. Рӯзҳои истироҳатӣ бо иштироки беш аз 5000 нафар  сокинони  шаҳри Турсунзода дар соҳили дарёҳои Қаратоғу Ширкент, инчунин маркази шаҳр ва деҳот корҳои тозагӣ анҷом дода шуданд.

Иқдоми мазкур бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардидани нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», нақшаи ташкили иқдомҳои «Тозагии соҳил – 2020» ва «Тозагии маҳал» дар ҳудуди шаҳр, инчунни беҳтар намудани вазъи экологии муҳити зист, тоза нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ, соҳили дарё ва канори каналу ҷӯйборҳо, баланд бардоштани маърифати экологии сокинони шаҳр ва ҷалби шаҳрвандон барои беҳтар намудани вазъи санитарию экологии муҳити зист гузаронида шуд. Дар ин бора сардори Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода Лоиқ Раҳмонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» итттилоъ дод.

Дар натиҷа беш 5 км соҳили дарёҳо аз партовҳои маишӣ, аз қабили зарфҳои пластикӣ, хасу хошок ва дигар намуди партовҳо тоза гардида, ба аҳолии соҳилнишин вобаста ба тоза нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ маслиҳатҳои судманд дода шуданд.

Зимни баргузории иқдоми тозагии маҳал шафати шоҳроҳ то сарҳади Чумҳурии Ӯзбекистон, кӯчаҳои маркази шаҳр   ва ҳудуди деҳаҳо аз партовҳо, алафҳои бегона ва ғайра тоза гардида, дар натиҷа беш аз 20м партовҳо аз соҳил ва ҳудуди маҳал ба партовгоҳи асосии шаҳр интиқол дода шуд.

Дар ин замина бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр аз ҷониби командони ташкилоту идораҳо ва сокинони фаъол дар қитъаҳои вобасташуда ва назди бинову иншооти маъмурию истиқоматӣ зиёда аз 5 ҳазор бех гули садбарг ва дигар намуди гулҳои мавсимӣ шинонида шуданд.

Тибқи нақшаи масъулин, иқдомҳои тозагии соҳил ва маҳал то моҳи ноябри соли равон идома меёбанд.

Февраль 24, 2020 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд