Вазирони мудофиаи кишварҳои ИДМ, СҲШ ва СААД дар Москва мулоқот менамоянд

Февраль 5, 2020 10:00

ДУШАНБЕ, 05.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони мақомоти ҳарбии кишварҳои  Иттиҳоди  Давлатҳои  Мустақил (ИДМ), Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ 4-5 феврал  дар Москва масъалаҳои омодагиро ба мулоқоти роҳбарони вазоратҳои мудофиаи ин кишварҳо дар моҳи июн баррасӣ менамоянд. Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора  дар изҳороти вазорати мудофиаи Россия рӯзи сешанбе гуфта шудааст.

Роҳбарони  ҳайатҳои ҳарбӣ  масъалаҳоеро, ки ба баргузории  ҷаласаи муштараки  вазирони мудофиаи давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ, давлатҳои  аъзои СҲШ, давлатҳои аъзои СААД марбут  аст ва моҳи июни соли 2020  дар шаҳри Москва пешбинӣ шудааст,  баррасӣ менамоянд, хабар доданд аз Вазорати мудофиа.

«Ризоияти худро барои  иштирок намояндагони вазоратҳои мудофиаи Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тасдиқ намуданд»,- изҳор доштанд дар вазорати мудофиаи Россия.

ДАР АКС: иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳо – аъзои ИДМ,  ки 30 октябри соли 2019 дар шаҳри Боку доир гардида буд. Дар марказ аз чап ба рост: вазири  мудофиаи Россия генерали артиш Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Озарбойҷон генерал-полковник Зокир Гасанов  ва Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо.

Февраль 5, 2020 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад