Вазорати корҳои хориҷии Чин хабар дод, ки шумораи шифоёфтагони коронавирус нисбат ба фавтидагони он ду маротиба афзунтар аст
ДУШАНБЕ, 06.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи нафароне, ки аз бемории коронавируси 2019-nCoV комилан шифо ёфтаанд, аз шахсони фавтида аллакай ду баробар зиёд аст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора дар брифинги рӯзи сешанбе намояндаи расмии ВКХ-и Чин Хуа Чунин иттилоъ додааст.
«Давоми рӯзи гузашта (4 феврал- эзоҳи ТАСС) беморони шифоёфта ва раҳошуда аз беморхона нисбат ба фавтидагон тақрибан чор маротиба зиёдтар буданд. Дар маҷмӯъ, беморони табобатшуда ва аз беморхона баромада дар қиёс бо шахсони аз ин касалӣ нобудшуда ду баробар зиёданд», — изҳор намуд намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Чин.
«Мо эътимоди комил ва имконият дорем, ки ояндаи наздик дар ин набард пирӯз шавем. Мо ин корро на танҳо ба хотири мардуми Чин, балки барои ҳифзи тандурустии тамоми инсоният анҷом медиҳем»,- илова намуд Хуа Чунин.
Қаблан корманди сафорат изҳор намуда буд, ки фавт аз бемории коронавируси нав дар Чин 2,1 фоизро ташкил медиҳад, ки назар ба бемории шуши ғайримуқаррарӣ хеле кам аст.








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн






