Заробиддин Файзуллозода: «Соли 2019 Тоҷикистон ба хориҷа ба маблағи беш аз 11,3 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот намудааст, ки нисбат ба соли пешин қариб 980 миллион сомонӣ зиёд аст»
ДУШАНБЕ, 10.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар соле, ки сипарӣ гардид, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 27,5 миллиард сомонӣ расонид, ки суръати афзоиш нисбат ба соли 2018 113,6 фоизро ташкил дод. Дар ин хусус Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода 10 феврал ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод.
Вазири саноат ва технологияҳои нав афзуд, ки аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии истеҳсолгардида дар мамлакат, беш аз 12,8 миллиард сомонӣ ба вилояти Суғд, 8,5 миллиард сомонӣ ба вилояти Хатлон, зиёда аз 2,7 миллиард сомонӣ ба шаҳри Душанбе, 2 миллиарду 787 миллион сомонӣ ба навоҳии тобеи марказ ва зиёда аз 237 миллион сомонӣ ба Бадахшон рост меояд.
Зикр шуд, ки соли гузашта дар корхонаҳои саноатии мамлакат маҳсулоти нави саноатӣ, аз қабили хӯлаҳои сурбӣ, гӯшти мурғ, бастабандии хокаи ранга барои тайёр кардани нӯшокиҳо, истеҳсоли хокаи хушки мевагӣ барои нӯшокиҳои ташнагишикан, уребчаҳо, сачоқчаҳои хушк, омехтаи хушки саноатӣ, сендвич, панел, витражҳои алюминии шишадор, лифт, шланги поливинихлоридӣ, мошинҳои боркаш, яхдон, қолабҳои зарфҳои пластикӣ, сарпӯшакҳо, фарши рӯпӯши тахтагин, сутунчаҳои нақшини мармарӣ, панҷараи зина аз мармар, шишаи мулоим ва блок-контейнерҳо истеҳсол гардидаанд. Ин омор дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар самти саноатикунонии мамлакат, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии ҳадафи чоруми стратегӣ эълон гардидааст, қадамҳои муассир гузошта, дар самти аз давлати воридоткунанда ба молсодироткунанда гузаштан зарфи солҳои охир муваффақ гардидааст.
Соли гузашта Тоҷикистон ба хориҷа ба маблағи беш аз 11,3 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот намудааст, ки нисбат ба соли 2018 қариб 980 миллион сомонӣ зиёд аст. Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти содиротшуда беш аз 9,5 миллиард сомонӣ ба соҳаи саноат рост меояд. Аз ҷумла, корхонаҳои саноатии мамлакат соли сипаригардида 316,5 тонна маъданҳои тозакардашуда, беш аз 1,5 миллион тонна семент, 18,2 ҳазор тонна ангишт, 2300 тонна намак, 18,5 ҳазор тонна ресмони пахтагӣ, 3,9 ҳазор тонна чарм, 273 тонна консерваи меваю сабзавот, 545 тонна шарбатҳо ва шираи растаниҳо, 94,1 ҳазор тонна нахи пахта, 156,8 миллион сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ, аз қабили либосҳои пахтагини занона ва мардона, шим аз матои ҷинс, либосҳои варзишӣ, куртаи мардона, маҳсулоти кешбофӣ ва дигар лавозимоти дӯзандагӣ содирот намудаанд.








«РОҒУН» — КОХИ НУР. Сарбанди ин неругоҳ баландтарин садди обӣ дар ҷаҳон хоҳад буд
Сармоягузорони Эрон бо имконоти истеҳсолии Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шинос шуданд
Таҳияи Харитаи роҳ оид ба татбиқи Нақшаи глобалии амали гендерӣ дар соҳаи гуногунии биологӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон 1,1 ҳазор нуқтаи нави фурӯши неруи барқ барои нақлиёти барқӣ сохта мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси UNCCD COP17 дар Улан-Батор иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа оид ба спектри радиобасомадҳо иштирок намуд
Доир ба Истиқлоли давлатӣ ва ташаккули он конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ баргузор гардид
Ангури Тоҷикистон ба вилояти Пензаи Русия содирот гардид
То 60 фоизи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон истеҳсол мегардад
Дар бунёди неругоҳи «Роғун» 20 ҳазор коргарону кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд
КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Истеҳсоли ғалладонагӣ 6 маротиба зиёд шудааст
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон 70 корхонаи дорусозӣ ба фаъолият оғоз намуд






