14 МАРТ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ДАРЁҲО. 95% энергияи барқ дар Тоҷикистон тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад

Март 14, 2020 13:16

ДУШАНБЕ, 14.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. 14 март  Рӯзи  умумиҷаҳонии дарёҳо ҷашн гирифта мешавад. Таърихи пайдоиш ва таҷлили ин ид зимни баргузории аввалин конфронси байналхалқии соҳавӣ, ки моҳи марти соли 1997 дар Бразилия баргузор гардид, ба миён омадааст. Тибқи маълумоти  сарчашмаҳо, аввалин маротиба 14 марти соли 1998 Рӯзи  умумиҷаҳонии дарёҳоро  ҷашн гирифтанд ва бахшида ба он дар зиёда аз 50 кишвари олам ҳамоишҳо барпо намуданд.

Дарё дар баробари сарчашмаи асосии ташаккули ҳаёти инсоният маҳсуб ёфтан, инчунин манбаи асосии истеҳсоли неруи барқи обӣ мебошад.

Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, мамлакати мо  дорои захираҳои бузурги оби тозаи нӯшокӣ буда,  захираҳои об барои таъмини рушди устувори иқтисодиёти он нақши муаасир доранд.

Айни замон захираҳои об манбаи асосии истеҳсоли энергия ба шумор рафта, 95% — и барқ дар Тоҷикистон тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад. Ғайр аз он ки об боигарии асосии Тоҷикистон мебошад, зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби софи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар мамлакати мо мавҷуданд.

«Дарёҳо  дороӣ ва хазинаи беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Дар ҳудуди мамлакат тақрибан 947 адад дарёҳо ҷорӣ мешаванд, ки дарозии умумии онҳо ба 28 ҳазору 500 км баробар мебошад», — гуфта мешавад дар маълумотномаи Вазорати энергетика ва захираҳои об.

Амударё ва Сирдарё дарёҳои калонтарин ва асосии мамлакат ба шумор мераванд. Ҳавзаи дарёи Аму аз якҷояшавии ҷараёни оби дарёҳои Панҷ, Вахш, Кофарниҳон ва Сурхондарё ташаккул меёбад.

Маҷрои миёнасолонаи дарёҳо дар Тоҷикистон 64 км3, аз ҷумла дар ҳавзаи дарёи Аму 62,9 км3 ва дар ҳавзаи дарёи Сир 1,1 км3 –ро ташкил менамояд. Оби дарёҳои Тоҷикистон 54,4 фоизи ҳисоби миёнаи солонаи оби ҳавзаи баҳри Аралро ташкил менамояд.

Ғайр аз ин, Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги энергетикӣ буда, ҷои аввалро захираҳои гидроэнергетикӣ бо иқтидори 527млрд.кВт соат/сол ишғол менамоянд. Дар ин нишондиҳанда 87,5%  ҳиссаи неругоҳҳои барқи обӣ мебошад.

Ба иттилои Вазорати энергетика ва зихираҳои об, мувофиқи ин нишондиҳанда, мамлакати мо аз рӯи иқтидори гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон нисбат ба ҳудуди худ ҷои 8-умро ишғол менамояд.

Бо ба инобати гуфтаҳо, Тоҷикистон тасмим гирифтааст тибқи дурнамои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 иқтидори энергетикии худро ба 10 ҳазор мегаватт баробар намояд. Ин тадбирҳо на танҳо барои имрӯзу фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол, балки ба беҳбудии минтақа нигаронида шудааст.

«Бунёди неругоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ ҷиҳати таъмини рушди устувор ва боло бурдани сатҳи зиндагии на фақат мардуми Тоҷикистон, балки тамоми минтақа мусоидат менамояд», — гуфта буданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Форуми сатҳи баланди кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА моҳи сентябри соли 2015.

Бо ин мақсад дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат таҳти сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва пешрафта оғоз намуда, дар ин давра ба муваффақиятҳои бузург дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла энергетика ноил гардид.

Давоми 28 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар соҳаи электроэнергетикаи ҷумҳурӣ 25 лоиҳаи сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 2,4 млрд. доллари ИМА татбиқ гардида, барои соҳа дастовардҳои мусбат ба бор оварданд.

«Муҳимтарин дастовардҳои соҳа-ин мавриди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои нави тавлиди неруи барқ, ба монанди неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» (670МВт), «Сангтӯда-2» (220МВт), Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» (400 МВт) ва неругоҳҳои барқи обии хурд (30 МВт) бо иқтидори умумии  1320МВт, сохтмони зеристгоҳҳои барқии 500кВ «Душанбе-500», «Суғд-500», «Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВ дар НБО-и «Норак»», хати интиқоли барқи 500кВ «Ҷануб-Шимол», ду хати интиқоли барқи 500 кВ аз НБО Роғун то зеристгоҳи «Душанбе-500», зеристгоҳҳои барқии 220 кВ «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», «Геран-2», «Дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 кВ дар НБО-и «Норак»» ва НБО-и «Қайроққум» ва хатҳои интиқоли барқи 220 кВ «Лолазор — Хатлон», «Тоҷикистон — Афғонистон», «Хуҷанд – Айнӣ», «Қайроққум-Ашт»,  «Геран-Румӣ», «Қайроққум-Суғд» ва «Айнӣ–Рӯдакӣ» ба шумор мераванд», — гуфта буд Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода дар арафаи ба истифода додани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар».

Бино ба омори расмӣ, истеҳсоли миёнаи солонаи неруи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки асосан тавассути неругоҳҳои барқи обӣ амалӣ карда мешаванд, 17млрд.кВт.соатро ташкил медиҳад. 95 фоизи неруи барқ дар мамлакат тавассути неругоҳҳои барқи обӣ, аз ҷумла 94 фоизи он дар НБО-ҳои бузург ва миёна истеҳсол мешавад.

Мутахассисони соҳа бар он назаранд, ки барқи дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсолшаванда хусусияти мавсимӣ дошта, аз сатҳу ҷараёни об дар дарёҳо вобастагӣ дорад. Нишондиҳандаи пасттарини истеҳсоли неруи барқ дар мамлакат дар мавсими тирамоҳу зимистон (аз моҳи октябр то апрел/май), дар ҳоле, ки дар ин мавсим талабот ба неруи барқ бениҳоят баланд аст, ба амал меояд. Дар мавсими тобистон, ки талабот ба  неруи барқ нисбатан камтар аст, неруи барқ барзиёд, то ба андозаи 3-7млрд кВт соат истеҳсол мешавад. Ин ҳама иқтидори гидроенергетикии Тоҷикистон аз оби дарёҳои сершумори он вобаста мебошад.

Бояд гуфт, ки дар ҳамаи дарёҳои мамлакат зиёда аз 350 адад НБО мавҷуд буда, ин нишони иқтидори энергетикии бой доштани Тоҷикистон ва дастрасии ҳамагон ба энергияи устувор мебошад. Бо итминон метавон гуфт, ки аз ин хотир, Тоҷикистон дар барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Энергияи устувор барои ҳама» ҳамчун давлати пилотӣ пазируфта шудааст.

Зимнан, 13 январи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми мамлакат  муроҷиатнома ирсол намуда, зимни он, аз ҷумла гуфтанд: «Бо мақсади беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, таъмини фаъолияти самараноки корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат аз пагоҳ, 14 январи соли 2017 сар карда, маҳдудияти барқ пурра бардошта мешавад, яъне аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар тамоми қаламрави мамлакат  бисту чор соат бо барқ таъмин карда мешаванд».

Хулоса, дар баробари он, ки дарёҳои Тоҷикистон асоси иқтидори гидроэнергетикии мамлакатро ташкил медиҳанд, инчунин яке аз хусусиятҳои хосашон он аст, ки оби ҳамаи онҳо аз рӯи стандартҳои ҷаҳонӣ ҳамчун оби ошомиданӣ эътироф гардидааст. Маҳз ба ҳамин хотир  бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ва соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об»  ва ахиран Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 – 2028 эълон гардиданд.

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

Март 14, 2020 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Озарбойҷон ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо таъкид гардиданд
Масъалаҳои фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ баррасӣ шуданд
Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон доир мегардад
Дар Душанбе Лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ баррасӣ гардид
Дар Сингапур имконияти ҳамкории дуҷониба бо Тоҷикистон баррасӣ шуд
Пагоҳ дар вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир мегардад
Дар Боку бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон оид ба мониторинги криосфера ва ҳамкорӣ барои тақсимоти захираҳои обӣ чорабинии канорӣ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории кишварҳо дар шаҳри Сингапур иштирок намуд
Дар Тоҷикистон Барномаи «Маблағгузории занҷираи арзиши агросектор» ҷамъбаст гардид
Ҷалби сармоягузории мустақими Ҷумҳурии Сингапур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд
Дар «Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ» дастовардҳои соҳаи чорводорӣ муаррифӣ гардиданд