Абдураҳмон Мавлонов: «Мо шукрона мекунем, ки дар чунин вазъ дари масоҷиди мо кушода аст, аммо набояд аз чунин шароит суиистифода сурат бигирад»

Март 20, 2020 18:35

ДУШАНБЕ, 20.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо дарназардошти вазъи феълии ҷаҳони муосир ва доман паҳн намудани бемории сироятии «коронавирус» муассисаву созмонҳои дахлдори сатҳи ҷаҳонӣ ва кишварҳои алоҳида тадбирҳои фарогир меандешанд. Тавре маълум аст, таълимоти дини мубини ислом хеле шомил ва фарогир мебошад. Дар робита ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо чанд савол ба Сардори Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон МАВЛОНОВ  муроҷиат намуд.   

АМИТ «Ховар»: Оё дар робита ба пешгирии бемориҳои гуногуни сироятӣ дини ислом ба пайравони худ чи дастуроте дорад?

Абдураҳмон Мавлонов: Ҳифзи саломатии инсон дар таълимоти дини ислом дар мадди аввал меистад. Худованд ба инсон неъмати бузург — ҳаёт бахшидааст ва мусулмонон бояд саломатии худро ҳифз намоянд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, бахусус бемории коронавирус тамоми чораву тадбирҳоро меандешад, то мардуми кишвар дар амон бошанд. Саривақт гузаронидани  тадобири профилактикӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ боис гаштанд, ки ин беморӣ аз кишварҳои ҳамсоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол наёбад.

Дар навбати худ мардум низ бояд донанд, ки беэътиноӣ ва риоя накардани қоидаҳои беҳдошт боиси зарари ҷисмонӣ ва сироятёбии дигарон гашта, тибқи таълимоти дини ислом худро ба вартаи ҳалокат афкандан қатъиян ҷоиз нест.

Дар ин маврид дар Қуръони карим гуфта шудааст:

«Ва хештанро бо дастҳои худ ба (вартаи) ҳалокат маафканед» (сураи Бақара, ояти 195).

Бояд донист, ки дар таърихи башарият хуруҷи бемориҳои сироятӣ сабаби марги ҳазорон одамон гаштааст. Бо назардошти ин, дар партави таълимоти Пайғамбари ислом (с) одамон бояд аз сафар намудан ба кишварҳое, ки дар онҳо коронавирус хуруҷ намудааст, инчунин аз сафар ба ҳаҷи умра худдорӣ намоянд.

Дар ин хусус аз Усома ибни Зайд (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с)
фармуданд: Вақте роҷеъ ба бемории сирояткунанда дар сарзамине иттилоъ ёфтед, ба он дохил нашавед ва ҳар гоҳ дар сарзамине будед,
ки дар он ҷо бемории сироятӣ хуруҷ кард, пас аз он сарзамин берун нашавед.

АМИТ «Ховар»: Ҳоло дар кишварҳои ҳамсояи мо тадбирҳои шадиди маҳдудкунӣ, аз ҷумла қатъи муваққатии фаъолияти масоҷид ба назар мерасад. Аммо ахиран мақоми ваколатдори дахлдори Тоҷикистон фаъолияти дубораи масҷидҳоро баъди ҳудуди ду ҳафта салоҳ донист. Ин тасмим чӣ масъулиятҳоеро пешорӯи иттиҳодияҳои динӣ ва мардуми кишвар мегузорад?

Абдураҳмон Мавлонов: Дарвоқеъ, имрӯзҳо хуруҷи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории «коронавирус» ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ҳамарӯза дар ақсои олам шумораи зиёди одамон ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Сироятёбӣ ва фавти одамон бар асари  вируси мазкур дар кишварҳои Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Филиппин, Италия, Эрон, Афғонистон ва дигар давлатҳо ба қайд гирифта шудааст. Хушбахтона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аммо ҳамагонро зарур аст, ки қоидаҳои бехатарӣ ва беҳдоштро ҷиддӣ риоя намоянд, зеро ҳеҷ як гурӯҳи синнусолӣ аз ин бемории хатарнок дар амон нест.

Аксари давлатҳои дунё ҷиҳати пешгирии паҳншавии коронавирус муваккатан сарҳадҳои худро баста, дар донишгоҳу муассисаҳои таҳсилоти миёна таътил эълон намуданд. Аз ҷумла, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ муваққатан анҷом додани ҳаҷи умраро манъ намуда, дарҳои Ҳарам ва Масҷиди набавиро низ баст.

Дар ин раванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамагӣ чанд рӯз иттиҳодияҳои динӣ фаъолият накарданд, омодагиҳо ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз муваққатан боздошта шуданд, ҷамъомаду консертҳо, бозиҳои футбол ва дигар чорабиниҳо ба таъхир монда шуданд. Дар ин муддат тамоми иттиҳодияҳои динӣ  — толорҳо, таҳоратхонаҳо бо маҳлулҳои махсус покиза карда шуданд. Маҳз саривақт роҳандозӣ намудани чораҳои профилактикӣ боис гашт, ки хушбахтона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон кас ба ин бемории мудҳиш гирифтор нашуд. Аммо ин маънии онро надорад, ки мо бепарво бошем, баръакс, масъулияти инсониву имонии мост, ки дар рӯбарӯи чунин таҳдид масъулияти бештаре аз худ нишон диҳем. Дуруст аст, мо шукрона мекунем, ки дар чунин вазъ дари масоҷиди мо кушода аст, аммо набояд аз чунин шароит суиистифода сурат бигирад. Мусулмон набояд коре кунад, ки бар зарари дигарон бошад.

Аз ин хотир, аз шахсоне, ки дар онҳо нишонаҳои беморӣ зоҳир шудааст, хоҳиш карда мешавад, ки намозҳоро дар хонаашон хонанд ва ба ҷойҳои издиҳоми мардум, аз қабили масҷидҳо, тӯю маъракаҳо нараванд, зеро ба сабаби сироят намудани шахсони солим, ба ҷои савоб гуноҳ мегиранд. Дар ин хусус аз Абдуллоҳ ибни Ҳорис (р) ривоят аст, ки Ибни Аббос (р) дар яке аз рӯзҳое, ки (борон борид ва) роҳ лой буд, хутбаро хонд ва ба муаззин амр кард, ки ба мардум бигӯй, то намозҳоро дар хонаҳои худ адо намоянд. Дар шарҳи ҳадиси мазкур гуфта шудааст, ки: «Борону сардии шадид, беморӣ ва тарс аз душман ҳозир нашудан ба намози ҷамоатро ҷоиз мегардонад».

Гузашта аз ин, аз шахсони бемор дурӣ ҷустан лозим аст, зеро Пайғамбари ислом (с) чунин дастур додаанд, ки : «Аз бемориҳои сироятӣ дурӣ ҷӯед …» (Саҳеҳи Бухорӣ, Китоби тиб, боби ҷузом). Ҳамчунин дар Саҳеҳи Муслим аз Амр ибни Шурайд ривоят шудааст, ки боре шахси гирифтори бемории сироятӣ ба назди Паёмбар (с) омад. Расули Худо (с) ба ӯ дастур доданд, ки баргардад.

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с)
фармуданд: “Шахси мариз назди шахси тандуруст оварда нашавад.” Олимон зимни ҳадиси мазкур фармудаанд:  «Шахсони солим набояд бо касоне, ки ба бемориҳои сирояткунанда гирифторанд, нишасту бархост кунанд, то ин ки беморӣ ба онҳо нагузарад».

АМИТ «Ховар»: Баъзан ҳолатҳое ба назар мерасад, ки иддае аз тоҷирону савдогарон аз вазъи пешомада суиистифода карда, нархи маҳсулоти мавриди ниёзи мардумро ба таврси сунъӣ боло мебаранд. Дар ин маврид шариати исломӣ чӣ муқаррароте муайян намудааст?

Абдураҳмон Мавлонов: Мутаассифона, баъзе савдогарони беинсоф аз фурсат истифода бурда, дар байни ҷомеа хабарҳои бардурӯғ паҳн намуданд, ки дар натиҷа одамон ба таҳлука дода шуда, ба харидории орду равған ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум пардохтанд. Чунин амал дар шариат «эҳтикор» маҳсуб меёбад. Муҳтакир шахсеро гӯянд, ки молҳои ниёзи мардумро захира мекунад, то вақти қимат шуданаш фурӯшад. Чунин ашхосро Пайғамбар (с) лаънат кардаанд.

Аз ин лиҳоз, тоҷирону савдогаронро мебояд, дар ин маврид амиқ андеша намоянд ва фаромӯш накунанд, ки ба қавли Паёмбари ислом (с) «Тоҷири амонатдори ростгӯ ҳамроҳи паёмбарону сиддиқон аст».

 

Март 20, 2020 18:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»