Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд барои ҳифзи табиат ва покизагии муҳити зист масъул бошад

Март 13, 2020 14:04

ДУШАНБЕ, 13.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бояд ҳар як шаҳрванди мамлакат барои ҳифзи табиат ва покизагии муҳити зист масъулияти баланд эҳсос намояд. Вобаста ба ин  Ҳукумати мамлакат дар сиёсати пешгирифтаи худ ба масъалаҳои беҳдошти муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ диққати ҷиддӣ дода, онро яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати худ муайян намудааст.

Ин матлабро муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Зарина Назарзода дар  Конфронси байниидоравӣ оид ба натиҷагирӣ аз татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва омода намудани пешниҳодҳо ҷиҳати таҳияи Барномаи нав барои давраи солҳои 2021-2025, ки имрӯз   дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, баён дошт.

Ӯ илова намуд, ки баҳри беҳдошти ҳифзи табиат ва покизагии муҳити зист Ҳукумати мамлакат тадбирҳои зарурӣ меандешад. Бо ин мақсад соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» ва соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилооти экологӣ» қабул гардиданд. Дар асоси талаботи қонунҳои мазкур «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» қабул карда шуд.

Зарина Назарзода ҳамчунин  зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи Ҳукумат оид ба муаррифии «Барномаи давлатии комплекси рушди тарбия ва маърифати экологӣ» иброз намуданд, ки табиати Тоҷикистон аз пурарзиштарин сарватҳои миллӣ ва моддӣ буда, ҳифз ва муаррифии шоистаи он шарти муҳими рушди ояндаи миллат мебошад. Ҳамзамон дастур дода шуд, ки барои татбиқи босамари барномаи мазкур аз тамоми имкониятҳо ва захираҳои таълимию тарбиявӣ бояд васеъ истифода кард.

Ҳамчунин сардори департаменти иқтисодӣ-экологии дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкории  Аврупо дар Душанбе Филиппо Кливелларо иброз намуд, ки мо  тайи солҳои тӯлонӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич ба роҳ монда, доир ба такмили маърифати экологӣ корҳои зиёде анҷом додаем.

«Бояд гуфт, ки амнияти экологӣ аз рафтори  ҳар нафар нисбат ба табиат шурӯъ мешавад. Аз ин хотир сайқал додани маърифати экологӣ барои нигоҳ доштани табиат ба наслҳои оянда  хеле муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мешавад. Бо ин мақсад дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкории  Аврупо дар Душанбе  нақша дорад, ки дар якҷоягӣ бо Кумитаи хифзи муҳити зист барои солҳои оянда барномаи нав таҳия намуда, бобати амалӣ шудани он саҳм гузорад»,- зикр кард Филиппо Кливелларо.

Ёдовар мешавем, ки «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» бо қарори Ҳукумат Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 апрели соли 2015  қабул гардид, ки  он аз 5 боб ва 73 банд иборат мебошад. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои таҳияшуда, то имрӯз 55 банди барнома  амалӣ шуда, иҷрои боқимонда бандҳо соли равон идома меёбад.

Март 13, 2020 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид
Татбиқи лоиҳаҳои Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар Тоҷикистон ба 381 ҳазор адад расид
Ҳайати Туркманистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба Душанбе омад
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид