БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ-2020. Дар ин самт корҳои дастурдиҳии омӯзишӣ оғоз гардиданд

Март 19, 2020 13:45

ДУШАНБЕ, 19.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 19 март дар робита ба маъракаи Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1 то 15 октябри соли 2020 гузаронида мешавад, дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони дастгоҳи марказӣ, Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ» ва шаҳри Душанбе корҳои дастурдиҳии омӯзишӣ барои гузаронидани корҳои тартиб додани рӯйхати биноҳо, аз ҷумла хонаҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ бо назардошти ҳуҷраҳо дар биноҳои бисёрҳуҷрадор оғоз гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иттилоъ медиҳад, ки ҳамоишро директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гулнора ҲАСАНЗОДА ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки чунин дастурдиҳии омӯзишӣ 26-27 марти соли равон бо кормандони мақомоти омори шаҳру ноҳияҳои  тобеи марказ дар шаҳри Роғун ва 30-31 март дар шаҳри Истаравшан бо кормандони мақомоти омори вилояти Суғд доир карда мешаванд. Дастурдиҳии омӯзишӣ бо кормандони мақомоти омори вилояти Хатлон ва ВМКБ тибқи нақша моҳи апрел гузаронида хоҳанд шуд.

Зикр гардид, ки барои гузаронидани маъракаи Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил моҳҳои апрел ва майи соли равон дар ҳудуди ҷумҳурӣ корҳои тартиб додани рӯйхати биноҳо (хонаҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ бо назардошти ҳуҷраҳо дар биноҳои бисёрҳуҷрадор)  анҷом дода мешаванд. Ин корҳо барои тайёр намудани нақшаи ташкилии гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, яъне ба қитъаҳои барӯйхатгирӣ, дастурдиҳӣ ва шуъбаҳо тақсим намудани ҳудуди шаҳр ё ноҳия зарур мебошанд.

Гулнора Ҳасанзода инчунин таъкид намуд, ки Агентии омор бори аввал корҳои тартиб додани рӯйхати биноҳоро бо истифода аз планшет мегузаронад. Бо ин мақсад 27 декабри соли 2019 аз ҷониби Хазинаи нуфуз ва намояндагии Комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил 337 планшет тақдим гардид.

Барои гузаронидани ин маърака 2587 корманди муваққатӣ аз ҳисоби шахсони соҳибмаълумоти муваққатан бекор, кормандони соҳаи маориф, тиб, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣва худидоракунӣ, ки дар корҳои гузаронидани интихоботҳо иштирок карданд, маҳалро хуб медонанд, аҳолии маҳалли ба онҳо вобасташударо мешиносанд ва бо аҳолӣ муошират карда метавонанд, пас аз гузаштан аз дастуриҳии омӯзишӣ ҷалб мегарданд.

Пас аз ҷамъбасти маълумоти корҳои тартиб додани рӯйхати хонаҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ бо назардошти ҳуҷраҳо дар биноҳои бисёрҳуҷрадор корҳои тайёр намуани нақшаи ташкилии гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешаванд.

Бино ба иттилои сардори раёсати барӯйхатгирии аҳолии Агентии омор Ворис Муродзода, дар маҷмӯъ дар маъракаи Барӯйхатгирии аҳолӣ    ва фонди манзили  Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз чор ҳазор планшет истифода бурда мешаванд.

Дар айни замон барои тарғибу ташвиқи аҳолии мамлакат оид ба баргузор гардидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар ҳамкорӣ бо Хазинаи нуфуси СММ 2600 тақвими деворӣ ва рӯимизӣ, 130,0 ҳазор адад тақвимҳои кисагӣ ва 3630 адад варақаҳои таблиғотӣ омода гардидаанд.

Барӯйхатгирии аҳолӣ    ва фонди манзили  Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020   тақрибан 10-15 рӯз идома ёфта, пурсишҳо бо се усул-пур карани варақаҳои барӯйхатгирӣ бо истифода аз сомонаи интернетӣ, истифода аз планшет дар ҳамаи маҳалҳои шаҳрии ҳудуди ҷумҳурӣ ва бо усули анъанавӣ пур кардани саволномаҳо дар варақаҳо дар маҳалҳои деҳот истифода мегарданд.

Март 19, 2020 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд
Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид
Татбиқи лоиҳаҳои Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад