Барои кӯдакон филми тасвирӣ оид ба пешгирии коронавирус таҳия шуд

Март 27, 2020 14:32

ДУШАНБЕ, 27.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо дастгирии молиявии Фонди кӯдакон ЮНИСЕФ  ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда оид ба бемории коронавирус  барои кӯдакони аз 5-сола боло филми тасвирӣ манзур намудааст.

Тавре сардори Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ дар суҳбат бо мо иброз намуд, ҳадафи асосии таҳияи филм  ба кӯдакон нишон додани роҳҳои ҳифз ва риояи тозагӣ мебошад, то ки аз ин беморӣ эмин бошанд.

Мавсуф зикр намуд, ки тариқи ин филмҳо ба кӯдакон имконият дода мешавад, ки онҳо қоидаҳоеро, ки аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Вазорати тандурустӣ ва ҳамчунин аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ барои пешгирии коронавирус пешкаш шудаанд, бо чашми худ бинанд ва дарк намоянд, ки риояи ин қоидаҳо ҳатмӣ аст. Дар баробари ин филм барои волидайн низ имкони хубест, то пас аз тамошои он ба кӯдакон фаҳмонанд, ки риояи қоидаҳои пешгирии коронавирус муҳим мебошад.

Бояд гуфт, ки филми мазкур ҳам дар сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва ҳам дар шабакаи иҷтимоии YouTube бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ гузошта шудааст.

Ҳамчунин Вазорати тандурустии мамлакат низ таъкид менамояд, ки бо риоя намудани қоидаҳое, ки дар видеои мазкур оварда шудаанд, метавонем худ ва наздиконамонро аз гирифтор шудан ба бемориҳои сироятӣ, махсусан коронавирус эмин нигоҳ дорем. Аз ин рӯ, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки видеои мазкурро тамошо карда, тибқи қоидаҳои дар он зикршуда амал намоянду худ ва наздиконашонро аз гирифтор шудан ба коронавирус эмин нигоҳ доранд.

Март 27, 2020 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад