БОКС: се варзишгари тоҷик барои гирифтани роҳхати олимпии Токио-2020 талош доранд
ДУШАНБЕ, 10.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. 8-9 март қувваозмоиҳои даври чорякфиналии мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба бокс дар Осиё/Уқёнус дар шаҳри Аммони шоҳигарии Урдун доир шуданд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.
4 варзишгари тоҷик, ки ба чорякфинал роҳ ёфта буданд, аз ҳарифонашон мағлуб шуданд. Шаббос Негматуллоев дар вазни -81кг аз Бекзод Нурдавлатови қазоқистонӣ, Давлат Болтаев дар вазни -91кг аз варзишгари дигари Қазоқистон Василий Левит мағлуб гардиданд. Давлат аз идомаи қувваозмоиҳо маҳрум шуд (дар вазни -91кг 4 роҳхат пешбинӣ шуда буд), вале Шаббос барои роҳхати панҷуми олимпӣ ду муҳорибаи дигар анҷом медиҳад. Ӯ имрӯз, 10 март бо Йомҳот Ҷаккапонг аз Тайланд, ки дар чорякфинал аз намояндаи Урдун ноком шуда буд, баъдан 11 март бо ғолиби ҷуфти Сачин Кумар (Ҳиндустон)/ Нгуйен Суонг (Ветнам) рақобат мекунад. Баҳодур Усмонов дар вазни 63 кг дар чорякфинал аз Обада Алкасбаи урдунӣ, Сумайя Қосимова дар вазни 51кг аз варзишгари Чин Йуан Чанг мағлуб гардиданд. Акнун ҳар ду барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио як имкони дигар доранд. Баҳодур бо Ашкон Ризоии эронӣ ва Сумайя бо Ириш Магнои филиппинӣ қувва месанҷанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба бокс дар Осиё/Уқёнус 12 варзишгари тоҷик ширкат карданд, ки 8 нафарашон дар даври аввал аз ҳарифон мағлуб гардиданд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






