ЧАРОҒАКИ САБЗ. Чӣ бояд кард, то ки ҳангоми убури плазаҳои «IRS» ин чароғак фавран фурӯзон шавад?
ДУШАНБЕ, 18.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Барои онҳое, ки дар пештоқи оинаи мошинашон RFID (чипе, ки онро дар пештоқи оинаи мошин насб карда, бидуни таваққуф плазаро гузаштан мумкин аст) насб шудааст, имкон фароҳам меояд, ки умуман дар плазаҳо таваққуф накунанд. Ба ибораи дигар, барои чунин ронандагон зимни ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе – Чанок ҳамеша чароғаки сабз фурӯзон мегардад. Ин нуктаро зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери АБДУЛЛО изҳор дошт.
Ба гуфти Далери Абдулло, ронандагон бояд дуруст дарк намоянд, ки истифодаи чипи RFID ва кортҳои электронии филиали ширкат бартариҳои зиёд дорад. Аввалан, он воситаи хеле мувофиқи баҳравар гаштан аз хизматрасониҳои филиали ширкат ба ҳисоб рафта, вақти ронандагону мусофиронро сарфа менамояд.
Сониян, ин иқдом то андозае ба коҳиш ёфтани пули нақд дар гардиш, ки аз лиҳози иқтисодӣ хеле муҳим аст, сабаб мегардад. Таъкид менамоем, ки истифодаи ин намуди хизматрасонӣ ба майлу иродаи шаҳрвандон вобаста буда, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд дар низоми толлингии филиали ширкат дар муддати кӯтоҳ суратҳисоби худро кушоянд ва аз имконияти пардохти маблағи гузариш аз плазаҳо бо роҳи ғайринақдӣ баҳравар шаванд.
Ба таъкиди ҳамсуҳбати мо, дар ин самт муҳим он аст, ки истифодаи RFI- кортҳои марбут ба филиали ширкат бе иштироки хазинадор, ки қаблан тариқи нақд маблағро қабул мекард, имконпазир аст. Ҳамзамон бо ин, онҳое, ки аз кортҳои пардохтии «IRS» истифода мекунанд, аз бисёр лиҳоз бурд хоҳанд кард. Масалан, барои дорандаи чунин корт кофист, ки кортро ба панели берунаи пардохт, ки дар ҷойгоҳи хазинадор насб шудааст, наздик барад. Таҷҳизоти замонавии насбшуда фавран ба кор даромада, маблағи пешбинишуда гирифта ва роҳ барои гузариши воситаи нақлиёт боз мегардад. Истифодаи чунин корт дар баробари бартариҳои зикршуда ҳамчунин замина фароҳам меорад, ки танбашавии мошинҳо дар плазаҳои толлингӣ пурра аз байн равад. Зеро суръати хизматрасонӣ бамаротиб афзуда, сифати он беҳтар мегардад.
Сардори Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло дар идомаи суҳбат афзуд, ки кушодани суратҳисоб ва гирифтани корт осон ва дар муддати кӯтоҳ имконпазир буда, шаҳрвандонро мебояд нусхаи шиноснома, нусхаи РМА (ИНН), нусхаи шиносномаи техникии мошин, нусхаи ваколатномаро (агар соҳиби воситаи нақлиёт шахси дигар бошад), пешниҳод намояд. Бо мақсади осон намудани дастрасии шаҳрвандон ва сарфи вақти онҳо шароит фароҳам шудааст, ки дар сомонаи филиали ширкат – www. irs.tj аз тариқи онлайн ба ин намуди хизматрасонӣ пайваст гарданд. Маълумоти иловагиро дар саҳифаи филиали ширкат дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, сайти филиали ширкат ва аз тариқи телефони 48 701 10 20 қобили дарёфт метавон кард.
Моҳи апрели соли 2016 мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд. Моддаи 615 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Риоя накардани тартиби истифодаи мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ ва баҳисобгирии хазина» ном дошта, тибқи иловаҳо ба номи модда калимаҳои «терминалҳои электронӣ» ва қисми нав дар таҳрири зерин пешниҳод гардидааст: «Барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ё рад кардани истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сад то яксаду шаст, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз яксаду шаст то яксаду ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду ҳаштод то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешаванд».
Ба густариши пардохти ғайринақдӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудан далели возеҳи он аст, ки роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои ин муқаррароти қонунгузорӣ фаъол буда, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Далери Абдулло гуфт, ки ояндаи наздик ҳамаи онҳое, ки аз тариқи роҳи Душанбе – Чанок ба сафар мебароянд, ба RFID ва кортҳои электронии филиали ширкат таваҷҷуҳ ва аз онҳо истифода менамоянд. “Бо дарки масъулият мегӯем, ки пардохти ғайринақдӣ ба маънои томаш кумакрасони беминнати ронандагон аст. Ба шарте ки моҳияти он дарк гардаду ронандагон дар тавсеаи ин раванд саҳмгузор бошанд”, — изҳор дошт Далери Абдулло.
Ёдрас мешавем, ки давоми моҳҳои охир кормандони филиали ширкат фаъолияташонро ҷиҳати зиёд намудани пардохти ғайринақдӣ ҳангоми гузариши воситаҳои нақлиёт аз тариқи плазаҳои толлингии филиали ширкат тавсеа бахшиданд. Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, пешниҳоди RFID, кортҳои электронӣ ва зиёд намудани хатсайрҳои экспресс аз тадбирҳои дар робита ба ин масъала андешидашуда ба ҳисоб мераванд.
Файзалӣ НИЁЗ,
АМИТ «Ховар»








Соли 2025 сатҳи таваррум дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок 3,5 фоизро ташкил дод
Пойгоҳи кушодаи рақамии харитасозии миқёси 1:10000 барои ҳудуди Тоҷикистон таъсис дода шуд
Агентии «Тоҷикстандарт» аз фурӯшандагон талаб менамояд, ки ба кӯдакону наврасон нӯшокиҳои руҳафзо нафурӯшанд
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ бо мақсади рушди иқтисоди миллӣ қабул гардид»
Қурби расмии сомонӣ соли 2025 нисбат ба доллари амрикоӣ 15,4 фоиз устувор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон қариб 400 корхонаи саноатӣ таъсис дода шуд
Таҳти раёсати муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафоти неруи барқ ҷаласаи корӣ доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон 82 лоиҳаи сармоягузории давлатии амалкунанда ба маблағи 43,2 миллиард сомонӣ татбиқ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бонкҳои Тоҷикистон соли 2025 ба мизоҷон дар ҳаҷми 30 миллиард сомонӣ қарз додаанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 суръати рушди иқтисоди миллӣ дар Тоҷикистон 8,4 фоизро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи ҳисоб беш аз 710 миллион сомонӣ вайронкунии низоми молиявиро ошкор намуд
«Амонатбонк» ба беш аз 890 ҳазор нафақагирон ва 2,2 миллион пасандозгузорон хизмат расонидааст






