COVID-19 аз лиҳози таъсири иқтисодӣ аз ҳамаи эпидемияҳои асри XXI гузашт
ДУШАНБЕ, 10.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Коронавирус аз лиҳози таъсир ба нишондиҳандаҳо (индекс) ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ аз ҳамаи эпидемияҳои қаблии бемориҳои хатарноки асри XXI гузашт. Коршиносони ДИР ба номи Г.В. Плеханов таъсири хуруҷи COVID-19, Эбола, зукоми хук ва паранда, инчунин илтиҳоби ғайримуқаррарии шушро ба бозорҳо муқоиса намуда, чунин хулоса баровардаанд. Муаллифони таҳқиқот нархи тилло, нафт, нишондиҳандаҳои тиҷорати электронӣ, инчунин нишондиҳандаҳои технологии ИМА ва Чинро дар давраи эпидемияҳои гуногуни бемориҳои хатарнок дар асри XXI муқоиса кардаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Известия».
Маълум шуд, ки эпидемияҳои қаблӣ ба иқтисодиёт ва нишондиҳандаҳои саҳомӣ таъсири ҷиддӣ нарасонда буданд, ҳарчанд фавт аз онҳо аз бемории коронавирус зиёдтар аст. Коршиносон зарба ба иқтисодиёт аз COVID-19-ро на оқибатҳои худи беморӣ, балки чораҳои мубориза бар зидди он шарҳ медиҳанд.
Бино ба зикри коршиноси ДИР ба номи Г.В. Плеханов Денис Домашенко, бар хилофи эпидемияҳои қаблӣ, бино бар сабаби зуд паҳн гаштани коронавирус ба берун аз Осиё ба иқтисодиёт таъсир мерасонад. Таъсиррасонӣ аз ҳисоби инъикоси фаъоли ВАО вусъат меёбад.
Ҳангоми сар задани илтиҳоби ғайримуқаррарии шуш дар соли 2003 ҳиссаи Чин дар ММД танҳо 4% буд, ҳоло он беш аз 16% аст ва мушкилоти иқтисоди Чин ба бозорҳои ҷаҳонӣ таъсири бештар дорад, гуфт стратеги сармоягузори «ВТБ Мои Инвестиции» Барри Эрлих.
Аз рӯи натиҷаҳои сол, Россия вусъати рушдро дар сатҳи 0,7% нишон дод, ки ин аз пешгӯиҳои расмӣ камтар аст, чунин меҳисобад сариқтисодчии ширкати консалтингии «Капитал» Евгений Надоршин. Ба гуфтаи ӯ, агар дар саросари ҷаҳон сатҳи беморӣ боло равад, пас иқтисоди ҷаҳонӣ ба ҳисоби миёна дар як сол то 1,5% коҳиш хоҳад ёфт.








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






