COVID-19 ДАР ИДМ. Шумораи гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон ба 18 ва дар давлатҳои Иттиҳод ба 452 нафар расид

Март 19, 2020 08:59

ДУШАНБЕ, 19.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Коронавируси COVID-19 дар се шаҳрванди дигари Ӯзбекистон ошкор карда шуд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии мубталоён дар ин кишвар ба 18 нафар расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

Ба ҳолати субҳи 19 март шумораи умумии гирифторони  коронавирус дар давлатҳои ИДМ 452 нафарро ташкил дод. Аз ҷумла, дар Арманистон шумораи онҳо ба 110, дар Қазоқистон ба 37, дар Молдова ба 36, дар Ӯзбекистон ба 18 ва Украина ба 16 нафар расид.

Дар Россия, Беларус, Озарбойҷон ва Қирғизистон шумораи мубталоён бетағйир боқӣ монда, мутаносибан 147, 51, 34 ва 3 нафарро ташкил медиҳад.

То имрӯз дар Россия 8 нафар, дар Озарбойҷон – 7, дар Беларус — 5 ва дар Арманистону Молдова 1-нафарӣ аз беморхона ҷавоб шуданд. Дар Озарбойҷон ва Молдова 1-ҳолатӣ фавт ва дар Украина ду ҳолат ба қайд гирифта шуд.

Дар Афғонистони ҳамсоя низ шумораи гирифторони коронавирус бетағйир боқӣ монда, 22 нафарро ташкил медиҳад, ки аз миёни онҳо як нафар аз беморхона ҷавоб шуд.

Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, Чин (беш аз 80,9 ҳазор), Италия (беш аз 35,7 ҳазор), Эрон (беш аз 17,3 ҳазор), Испания (беш аз 14,7 ҳазор), Германия (беш аз 12,3 ҳазор), ИМА (беш аз 9,4 ҳазор), Франсия (беш аз 9,1 ҳазор), Кореяи Ҷанубӣ (беш аз 8,5 ҳазор), Швейтсария (беш аз 3,1 ҳазор) ва Британияи Кабир (беш аз 2,6 ҳазор) дохил мешаванд.

Ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 219 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 8,9 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 85,7 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 6,8 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки 11 март Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.

Март 19, 2020 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иттиҳоди Аврупо «Мета»-ро ба нақзи қоидаҳои ҳифзи кӯдакон дар Инстаграм ва Фейсбук айбдор кард
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Дар Норвегия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 16-сола манъ карда мешавад
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Индонезия бақайдгирии кӯдакони то 16-соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»

Маводҳои таҳлилӣ