«ДӮСТИИ ҶАВОНОНИ ҶАҲОН ПОЯНДА БОД!». Ин Фестивал дар Данғара ҷавононро аз 17 давлати дунё ба ҳам овард
ДУШАНБЕ, 19.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, 17 март бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дуюмин Фестивали байналмилалии фарҳангии ҷавонони хориҷӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!» баргузор гардид.
Дар фестивали мазкур беш аз 300 нафар ҷавонони тоҷик ва ҷавонони хориҷӣ-намояндагони 17 давлати дунё, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакати мо илм меомӯзанд, ширкат намуданд. Аз ҷумла, хабарнигори АМИТ «Ховар» Холисаи АСОМИДДИН низ дар фестивал иштирок намуда, аз ҷараёни баргузории он гузориш омода намудааст:
-Субҳи 17 март гурӯҳи 300-нафараи иборат аз ҷавонони фаъол, донишҷӯёни хориҷӣ, кормандони ҷавони вазорату идораҳо ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ ба ноҳияи Данғара сафар намуданд.
Дар даромадгоҳи шаҳри Норак нахуст иштирокчиёни Фестивали фарҳангии ҷавонони хориҷӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!»-ро Раиси шаҳри Норак Маликшо Неъматов, ҷавонону волонтёрони бахши кор бо ҷавонони шаҳр ва сарояндагону навозандагон бо карнайу сурнай пешвоз гирифтанд.
Маликшо Неъматов иброз дошт, ки баргузории ин гуна фестивалҳо метавонад барои мустаҳкам намудани дӯстӣ миёни ҷавонон нақши арзанда гузорад.
Сипас ҳайати гурӯҳ сафарро идома дод. Дар назди пояи «Хӯшаи гандум»-дар даромадгоҳи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон меҳмононро масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо дили гарму чеҳраи кушод ва як фазои идона пешвоз гирифтанд.
Сипас иштирокчиёни фестивал аз Осорхона-мактаби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷамоати Пушинг мавҷуд аст, боздид намуда, доир ба ҳаёту зиндагии Сарвари давлат ба худ маълумоти муфассал гирифтанд. Сипас онҳо аз «Хуррамшаҳр» ва мавзеъҳои зебоманзари ин минтақаи сайёҳӣ дидан карда, дар маъракаи наврӯзии деҳаи Пушинг иштирок намуданд. Анъанаҳои ҷашни наврӯзӣ, намунаи ҳунарҳои миллӣ, расму оини миллати тоҷик ва таомҳои миллӣ ба хориҷиён хеле писанд омада, онҳо бо эҳсосоти зиёд зикр менамуданд, ки дар ҳақиқат Тоҷикистон сарзамини зебо буда, мардумаш ҳунарманд, меҳмоннавоз ва кушодачеҳра мебошад.
Нимаи дуюми рӯз меҳмонон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара барои иштирок дар барномаи фарҳангии ҷавонони хориҷӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!» ҷамъ омаданд. Баробари ворид шудан ба Қасри фарҳанг таваҷҷуҳи ҳамагонро нақшу нигори дохили он ба худ ҷалб намуд. Зеро ҳар нақшу нигори дохили Қасри фарҳанг бо маҳорати хосса кандакорӣ шуда, аз ҳамдигар фарқ дорад ва ин аз маҳорати баланду ҳунари нотакрори устоҳои кандакор дарак медиҳад.
Дар оғози Фестивал Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода зикр намуд, ки соли дуюм аст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта»-и назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Фестивали байналмилалии фарҳангии ҷавонони хориҷӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!» баргузор мегардад. Дар доираи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор намудани фестивали мазкур басо рамзӣ буда, он метавонад барои мустаҳкам намудани робитаҳои дӯстӣ, ташаккули фарҳангҳо ва густариши андешаҳои ахлоқӣ мусоидат кунад.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки ҷавонон ояндасози давлату миллат маҳсуб ёфта, имрӯз барои онҳо тамоми шароити мавҷуда фароҳам оварда шудааст.
Шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷасур Зарипов зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» андешаҳояшро чунин иброз дошт: «То ба Тоҷикистон омадам, ҳеҷ тасаввур намекардам, ки ин давлат то ин дараҷа мамлакати пешрафта аст. Акнун дидам, ки Тоҷикистон дорои манзараҳои зебо буда, мардумаш бофарҳангу меҳмоннавоз мебошад. Зимни сафар мушоҳида намудам, ки нисфи зиёди Тоҷикистонро кӯҳҳо иҳота намудаанд. Аз ин рӯ боду ҳавои Тоҷикистон тоза буда, сайёҳон бештар ба ин ҷо майл доранд».
-Ман ҳамчун як иштирокчии Фестивали байналмилалии фарҳангии ҷавонони хориҷӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!» хурсанд аз онам, ки дар ин ҳамоиш ширкат намуда, бо ҷавонони давлатҳои гуногун шинос гардидам. Ман пурра боварӣ ҳосил намудам, ки миллати тоҷик миллати фарҳангдӯст ва дорои таърихи бой аст,- гуфт номбурда.
Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, иштирокчии фестивал Илҳомҷон Ҳамидиён бар ин назар аст, ки «бешубҳа, ташкили Фестивали фарҳангии ҷавонони хориҷӣ аз иқдомоти шоистаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ба ноҳияи зеботарини вилояти Хатлон – Данғара сафарбар намудани ҷавонони хориҷие, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мехонанд, ташаббуси муассир аст. Мо шоҳид будем, ки ҷавонони ҳам хориҷӣ ва ҳам тоҷик аз дидани Осорхона – мактаби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як ҷаҳон маънӣ ва таассурот гирифтанд. Онҳо бори дигар бо чашми сар диданд, ки Сарвари давлат Президенти мардумӣ ҳастанд.
Наврӯзи имсолаи Данғара аз ҷамоати намунавӣ – Пушинг оғоз шуд. Боздиди ҷавонон аз «Хуррамшаҳр» ва Кохи фарҳанг хотирмон буд. Дар ин замина, минбаъд низ ҷалб ва сафарбар намудани ҷавононе, ки воқеан Ватани худро дӯст медоранд ва барои ҳимояи фазо ва амнияти иттилоотии он омода ҳастанд, ба манфиати кор хоҳад буд.
Ҳамчунин Илҳомҷон Ҳамидиён изҳор дошт, ки «хеле муҳим аст натиҷаи чунин барномаҳои бузург танҳо тамошою саёҳат ва рақс набошанд, балки муаррифии шоистаи минтақаҳои сайёҳии мамлакат ва ба ҷавонон омӯхтани меҳнат, заҳмат ва талош арзёбӣ гардад».
Ёдовар мешавем, ки Фестивали байналмилалии фарҳангии ҷавонони хориҷӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!» аз соли 2019 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, мақсад аз он муаррифии фарҳанги миллӣ, дӯсту муттаҳид намудани ҷавонони ҷаҳон, ташаккул додани заминаҳои ҳамгироии ҷавонон ва рушди фархангҳо мебошад.