Дар Данғара Фестивали фарҳангии «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!» баргузор мегардад

Март 17, 2020 08:20

ДУШАНБЕ, 17.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз ҳайати 300-нафараи ҷавонон ҷиҳати иштирок дар дуюмин Фестивали фарҳангии ҷавонони хориҷӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!» ба ноҳияи Данғараи  вилояти Хатлон сафар намуданд.  Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Холисаи Асомиддин, ки ба ҳайати мазкур шомил аст, хабар медиҳад.

Ба иттилои мудири шуъбаи матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эраҷ Раҷабзода, дар доираи баргузории фестивал дар минтақаи сайёҳии Пушинги ноҳияи Данғара бахшида ба иди Наврӯзи байналмилалӣ ҷамъомади тантанавии «Наврӯзи ҷаҳонӣ- Наврӯзи ҷавонӣ» доир мегардад.

Ҳамзамон намоиши бозиҳои миллии варзишӣ, анъанаҳои ҷашни Наврӯз, таомҳои миллӣ, намунаи ҳунарҳои мардумӣ, расму оинҳои миллии тоҷикӣ доир гардида, иштирокчиёни Фестивал аз минтақаҳои зебоманзар ва сайёҳии деҳаи Пушинги ноҳия дидан мекунанд.

Ҳайати намояндагони дипломатӣ, сафирони давлатҳои хориҷӣ, роҳбарону намояндагони  ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ аз Осорхона-мактаби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидан менамоянд.

Нимаи дуюми рӯз иштирокчиёни фестивал дар қасри фарҳанги ноҳияи Данғара дар барномаи фарҳангии ҷавонон иштирок менамоянд.

Мақсад аз баргузории фестивали мазкур муаррифии фарҳанги миллӣ, дӯсту муттаҳид намудани ҷавонони ҷаҳон, ташаккул додани заминаҳои ҳамгироии ҷавонон ва рушди фархангҳо мебошад.

Ёдовар мешавем, ки соли дуюм аст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта»-и назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш  Фестивали фарҳангии ҷавонони хориҷӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!»  баргузор мегардад.

Март 17, 2020 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад