Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд доир ба хатар ва роҳҳои пешгирии коронавирус конфронси илмӣ баргузор гардид

Март 19, 2020 12:12

ДУШАНБЕ, 19.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади ба муҳассилин  додани иттилои бештар оид ба бемории сироятии коронавирус дар мавзӯи «Хатари коронавирус ва роҳҳои пешгирӣ аз ин беморӣ» конференсияи илмӣ доир гардид.

Тавре ба хабарнигори АМИТ Ховар дар вилояти Суғд аз шуъбаи кор бо ВАО-и донишгоҳ хабар доданд, дар кори конфронс намояндагон аз раёсати тандурустии вилоят, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Мудири кафедраи тиббӣ-биологии донишгоҳ Мақсадой Обидова ва мудири шуъбаи эпидемиологии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд Таҳмина Усмонова доир ба хусусиятҳои ин бемории сироятӣ иттилои пурра дода, зикр дошт, ки номи ин вирус бо сохтори он алоқаманд буда, изофаҳои хорчамонанд дорад, ки ба тоҷ (корона) монанданд.

Инчунин доир ба нишонаҳои коронавирус, роҳҳои сироятёбӣ ва одитарини ҳифз аз он маълумоти муфассал дода шуд.

Зикр гардид, ки яке аз амалҳои аввалиндараҷаи ҳимоя- ин тез-тез шустани дастон бо собун буда, ҳангоми сулфа ва  атса задан даҳон ва бинии худро бо рӯймолча ва оринҷро қат карда пӯшонидан ва  дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқоби яккарата истифода бояд бурд.

Гуфта шуд, ки коронавирус охири соли гузашта дар Ҷумҳурии Чин хурӯҷ намуда, то имрӯз дар ҷаҳон беш аз 219 ҳазор нафар ба он  гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 8,9 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 85,7 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 6,8 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки 11 март Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.

Март 19, 2020 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд