Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳамоиш доир шуд

Март 13, 2020 14:39

ДУШАНБЕ, 13.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ки ҳамасола 15 март таҷлил мешавад, имрӯз дар МД «Душанбе Плаза» бо ташаббуси Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.  Дар он намояндагони Дастгоҳи иҷрияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳои дахлдори давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, бахши хусусӣ ва дигар шахсони дахлдор   иштирок доштанд.

Сардори Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ Абдулмаҷид Мубин зикр дошт, ки “таъмини бехатарии молу маҳсулот ва хизматрасониҳо ба сифату бехатарии ҳаёти инсон ва дар маҷмӯъ ҷомеа таъсири бевосита дошта, яке аз омилҳои асосии рушди босуботи  иқтисодиёти мамлакат маҳсуб мешавад.  Аз соли 2015 инҷониб дар қаламрави мамлакат Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон  таҷлил мегардад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳамчун мақоми ваколатдор дар самти сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон вобаста ба таҷлили санаи мазкур  барои тақвият бахшидани сатҳи маърифтанокии истеъмолкунандагон ва фаҳмондани муқаррароти санадҳи меъёрию ҳуқуқии соҳа тадбирҳои муштарак  роҳандозӣ  менамояд”.

Имсол низ аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ бахшида ба ин  сана  зери шиори «Ҳуқуқи истеъмолкунанда ба сифат ва бехатарии мол, кору хизматрасонӣ» нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардида, то имрӯз дар ҷумҳурӣ бо ҷалби мутахассисони соҳаи маориф, тандурустӣ, нақлиёт, бозорҳо, марказҳои савдо, хӯроки умумӣ ва дигар соҳаҳои алоқаманд барномаҳои маърифатию фаҳмондадиҳӣ гузаронид.

Мушовари калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ  Амирҷон Убайдулло  зикр дошт, ки таъмини бехатарии молу маҳсулот, кор ва хизматрасониҳо, ки ба сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва солимии ҷомеа таъсири бевосита дорад, яке аз омилҳои муҳим ҷиҳати таҳким бахшидани рушди иқтисодиёти мамлакат маҳсуб ёфта, масъалаи мазкур дар сиёсати пешгирифтаи иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи махсус дорад.

«Дар робита ба баланд бардоштани сатҳу сифати тамоми хизматрасониҳо, аз ҷумла беҳсозии дастрасии сифат ва самарабахаши хизматрасониҳои тиббию санитарӣ, коммуналӣ, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии сифат ва бехатарии маҳсулот, назорати байторию санитарӣ  ва фитосанитарии маҳсулоти хӯрокӣ ва таъмини дастрасӣ ба ғизои хушсифат ҳамчун ҳадафҳои афзалиятнок дар ҳуҷҷатҳои стратегии мамлакат пешбинӣ гардидаанд, ки ҳар яки ин ҳуҷҷатҳо дар асоси нақшаи чорабиниҳо дар ҳамбастагӣ бо мақомоти дахлдор амалӣ гашта истодааст»,- гуфт  А.Убайдулло.

Мавсуф илова намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ зикр доштанд, ки «барои ҳар давлат солимии ҷомеа зарур мебошад, аз рӯ мо бояд халқамонро солим нигоҳ дорем ва барои тандурустии он тамоми шароитро фароҳам оварем».

Дар ҳамоиш  намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, энергетика ва захираҳои об, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Агентии Тоҷикстандарт, Бонки миллӣ,  Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон, ташкилот ва созмонҳои байналмилалии  муқими Тоҷикистон  дар робита ба паҳлуҳои муҳими  ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон  изҳори андеша намуданд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз соли 1985 инҷониб ҳар сол 15 март Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон таҷлил мегардад. Дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҷлили ин рӯз аз  соли 2011 ба ҳуқми анъана даромадааст. Дар Тоҷикистон низ  дар ин рӯз чорабиниҳои зиёд гузаронида мешаванд, ки онҳо ба тарғиби ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои истеъмолкунандагон нигаронида шудаанд. Дар ҷумҳурии мо ҳанӯз 16 сол қабл мақомоти қонунгузори ҷумҳурӣ  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»-ро қабул намудааст, ки тибқи он ҳуқуқи шаҳравандон, минҷумла ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳифз мешавад.

Дар қонун «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ҳуқуқҳои  асосии истеъмолкунандагон  нишон дода шудаанд. Аз ҷумла, ҳимояи ҳуқуқҳои ҳар як  истеъмолкунанда аз ҷониби давлат, ҳимоя аз хавфи харидории моле, ки ба ҳаёт, саломатӣ, бехатарӣ таҳдид мекунад ва ё ба поймол кардани ҳуқуқҳои қонунии шаҳрванд сабабгор мешавад, ба таври ройгон  бартараф кардани  нуқсони мол ё иваз  кардани он, ҷуброн кардани  арзиши мол ва ё  мутобиқан паст кардани нархи он, барқарор кардани  хисороти маънавие, ки дар натиҷаи  истифодаи моли номатлуб ба миён омадааст ва дигар ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон.

                                                    Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

Март 13, 2020 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ тақвият медиҳад
Бонки миллии Тоҷикистон: иттилои паҳншуда дар бораи он, ки Бонки миллӣ бо 1 фоиз қарз медиҳад, воқеият надорад
Дар Ишкошим зеристгоҳи барқии «Қозидеҳ» ба истифода дода мешавад
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба иҷрои супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҷаласа доир шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонун дар бораи сиёсати аграрӣ таҳия мегардад
Дар Панҷакент ҷаласаи Шуро оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид
Дар хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара дар 44 гектар ниҳолҳои пистаҳои хушкшуда барқарор гардид
Дар Тоҷикистон раванди ҷорӣ намудани низоми рамзгузории электронии молҳо амалӣ мегардад
Намоишгоҳи «Ихтироъкорон ва навоварони соҳаи нақлиёт» баргузор шуд
Бадахшон минтақаи дорои имконияти бузурги энергияи офтобӣ аст
Устувории иқтисоди миллӣ дар заминаи сиёсати пулию қарзӣ ва Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ. Андешаҳо дар ин маврид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар Тоҷикистон иқтидори энергияи бодӣ 1 926,35 МВт-ро ташкил медиҳад