Дар Душанбе озмуни «Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ — нишонаи рушди ҷомеаи нав» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 13.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни «Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ — нишонаи рушди ҷомеаи нав», ки ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шудааст, баргузор гардид.
Дар маросими ботантанаи ҷоизасупорӣ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафоратҳои хориҷӣ ва ВАО ширкат варзиданд.
Озмунро нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная Газета» 1 марти соли гузашта эълон карда буд. Қабули мавод ба озмун 1 марти соли 2020 ба анҷом расида, дар номгӯи мақолаҳо дар бораи деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сурат гирифт. Дар озмун рӯзноманигорон аз расонаҳои давлатӣ ва хусусӣ, устодони донишгоҳҳо, кормандони мақомоти давлатӣ, донишҷӯёни донишгоҳҳо ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ширкат варзиданд.
Дар маҷмӯъ, дар ин давра дар саҳифаҳои ин нашрия тақрибан 150 мақола дар бораи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нашр шуданд, ки қариб 40 адади онҳо ба озмун пешниҳод шуданд. Ҳайати ҳакамон ба сифати маводи пешниҳодшуда баҳои баланд доданд.
Ҳайати ҳакамон дар се номгӯй 9 ғолибро интихоб кард. Ғолибон бо дипломҳо, туҳфаҳо аз сарпарастон ва туҳфаҳои молиявӣ аз «Народная газета» қадрдонӣ шуданд.
Озмун аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» ва Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Асрори санг» сарпарастӣ шуд.









ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд






