«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 28.02.2026./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи модар бо иштироки роҳбарият ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони касбу кори гуногун, омӯзгорону хонандагон ва ҷавонону наврасони фаъол таҳти унвони «Тоҷикона мепӯшем» роҳпаймоӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ “Ховар” аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар дод.
Ҳадафи асосии баргузории ин иқдом таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангу анъанаҳои неки ниёгон, тарғиби либоси миллӣ ва баланд бардоштани завқи зебоипарастии шаҳрвандон арзёбӣ мегардад.
Иштирокчиён бо либосҳои миллӣ, аз ҷумла атласу адрас ва дигар намунаҳои ҳунари волои мардумӣ, дар фазои идона ва руҳияи баланди ватандӯстӣ роҳпаймоӣ намуданд.
Зимни баргузории чорабинӣ таъкид гардид, ки иқдоми «Тоҷикона мепӯшем» ба эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, муаррифии фарҳанги ғании тоҷикон ва таҳкими ваҳдати ҷомеа мусоидат менамояд.
Иброз гардид, ки ин гуна иқдомҳо дар замони ҷаҳонишавӣ барои ҳифзи асолати миллӣ ва муаррифии симои фарҳангии миллат аҳамияти хосса доранд.
Тазаккур дода шуд, ки роҳпаймоии мазкур дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ифтихори миллӣ ва ҳамбастагии шаҳрвандон баргузор гардида, бори дигар нишон дод, ки сокинони ноҳияи Ёвон ба фарҳангу суннатҳои миллӣ эҳтироми хосса зоҳир менамоянд ва дар ҳифзу рушди онҳо саҳми фаъол мегузоранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон


















Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид






