Дар Фархор ҳангоми таҷлили иди Наврӯз ба 11 ҷуфт навхонадорон шаҳодатномаҳои ақди никоҳ супорида шуд

Март 22, 2020 12:10

ФАРХОР, 22.03.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар варзишгоҳи ноҳияи Фархор барномаи идонаи фарҳангӣ баргузор гардид.   Пеш аз оғози  барномаи фарҳангӣ, Раиси ноҳия Рустам Раҳматзода ва дигар фаъолону меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, хӯрокҳои наврӯзӣ, аз ҷумла, далда, суманак, оши буридаву туппа, ширбиринҷ, маҳсулоти нонӣ ва ғайраҳо,  инчунин аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.

Рустам Раҳматзода ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда табрик намуда,  аз ҷумла, зикр намуд, ки ҷашни Наврӯз бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳонӣ гардида, онро дар баробари тоҷикон дигар қавму миллатҳо низ ҷашн мегиранд. Дар ин фасл деҳқонон ба саҳро баромада, бо умеди зиёд дона мепошанд, то ҳосили дилхоҳ ба даст оранд. Дар ин айём ҳар як шахс кинаву адоватро бояд дур сохта, ба атрофиён хушҳоливу хушрӯзӣ тамано намояд.

Дар ҷараёни барномаи идона аз ҷониби бахши Сабти асноди ҳолати  шаҳрвандии ноҳия бо ташаббуси мудири бахш Нилуфар Мирзоева ба 11 ҷуфт арӯсу домоди навхонадор аз оилаҳои эҳтиёҷманд аз ҷамоати шаҳрак ва ҷамоатҳои деҳоти «Гулшан», «Ғайрат», «Деҳқонариқ», «Зафар», «Дарқад», «Ватан», «Ғалаба» ва «20-солагии Тоҷикистон» шаҳодатномаҳои ақди никоҳ супорида, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.  Инчунин ба 8 кӯдаки навзод аз оилаҳои камбизоат ва як нафар зане, ки сегоник ба дунё овардааст, шаҳодатнома ба таври ройгон тақдим карда шуд.

Ҳамзамон дар рӯзи Наврӯз аз ҷониби ҶДММ «Д-Элемент», ки ба соҳибкори ҷавон Насим Додиев тааллуқ дорад, фабрикаи парандапарварӣ, ки маблағи умумии он 8 миллиону 467 ҳазору 427 сомониро дар бар мегирад, ба истифода дода шуд. Дар фабрика 15 ҳазор мурғ мавҷуд буда, дар як рӯз 12 ҳазор тухм истеҳсол ва дар ноҳияю берун аз он ба фурӯш бароварда мешаванд. Айни ҳол дар корхона 12 нафар бо ҷои таъмин гардида, масъулин тасмим гирифтаанд, ки дар оянда шумораи коргаронро дар фабрика бештар намоянд.

То ҷашни Наврӯз дар ноҳия 48 иншоот, аз ҷумла, 5 ассотсиатсияи истифодабарандгони оби ҷамоатҳои деҳот, 39,7 километр роҳҳо, чароғонкунии кӯчаю маҳаллаҳо, насби 6 адад трансформатори барқӣ ва дигар иншооти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар хатми барнома санъаткорони шуъбаи фарҳанги ноҳия бо савту навои дилошӯб хотири ҳозиронро болида гардониданд.

 

Март 22, 2020 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд