Дар Самарқанд роҳбарони ниҳодҳои сарҳадии ИДМ мулоқот намуданд

Март 12, 2020 12:22

ДУШАНБЕ, 12.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи панҷуми минтақавии роҳбарони мақомоти сарҳадии давлатҳои аъзои ИДМ, ки дар шаҳри  Самарқанд баргузор гардид, ҳайатҳои панҷ мақомоти сарҳадии Иттиҳоди давлатҳои Мустақил: Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Россия, инчунин Хадамоти ҳамоҳангсозии Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои  сарҳадӣ  ширкат намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи  иҷроияи ИДМ.

Дар ҷараёни мулоқот вазъият дар сарҳадоти кишварҳои узви ИДМ бо Афғонистон ва тамоюли рушди он дар ояндаи наздик  мавриди муҳокима  қарор гирифт. Аз ҷумла, дар бораи вазъият дар минтақаҳои шимолии Афғонистон мубодилаи афкор  карда шуд.

Ҳамзамон таваҷҷуҳи иштирокчиён ба зиёд намудани миқёси тавлиди маводи мухаддир, ки зери назорати ҷангҷӯён аст ва кӯшиши интиқоли  он аз сарҳади берунии давлатҳои аъзои ИДМ  дар минтақаи Осиёи Марказӣ  ва минбаъд тавассути  «роҳи шимолӣ»  равона карда шуд.

Дар ҷаласа аз ҷониби мутахассисон чораҳои мубориза бо вуруди шахсоне, ки ба ташкилотҳои террористию экстремистии байналмилалӣ мансубанд, ба қаламрави давлатҳои аъзои ИДМ  таҳия гардиданд.

Баъди мулоқот Протокол ба имзо расид, ки тавсияҳои он 16 апрели соли 2020 дар Ереван дар ҷаласаи навбатии  Шӯрои фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

Март 12, 2020 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад