Дарёфти беш аз 2 кг героин аз дохили «бодоми ордак» дар Панҷи Поён

Март 4, 2020 16:42

ДУШАНБЕ, 04.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони гумруки Панҷи Поён як далели кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддири навъи героинро ба миқдори  беш аз 2 килограмм дар ҷануби Тоҷикистон ошкор ва пешгирӣ намуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки гумрукчиёни тоҷик зимни азназаргузаронӣ ва муоинаи  гумрукии бағоҷи дастии  шаҳрванди 32 –солаи Ҷумҳурии  Исломии Афғонистон Нури Аминуллоҳ аз  зери либосҳои дохили ҷомадони ӯ 2 бастаи селофании «бодоми ордак», ки дар ҳар як баста 3-тогӣ халтачаҳои селофани сафед мавҷуд буд,  дарёфт намуданд. Ҳангоми  кушодани бастаҳои селофании «бодоми ордак» аз дохили бодомҳои ордакдор маводи хокистарранги дорои бӯйи ғализи дар селофанчаҳо печонидашуда  ошкор карда шуд.

Дар асоси хулосаи маълумотномаи экспертизаи судӣ-кимиёвии шуъбаи экспертизаи судии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, маводи аз дохили «бодоми ордак» дарёфтгардида ба маводи нашъаовари навъи героин мансуб буда, вазни холиси он 2 кг 110 граммро ташкил медиҳад.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур нисбат ба сокини вулусволии Оқҷави вилояти Ҷузҷони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Нури Аминуллоҳ, соли таваллудаш 1988 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 200, қисми 4, банди «д» ва 289 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, ба Прокуратураи вилояти Хатлон ирсол гардидааст.

Март 4, 2020 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад