ҶДММ «Спитамен Текстайл» сармоя, таҷриба ва технологияи Кореяи Ҷанубиро ба Тоҷикистон меорад

Март 17, 2020 10:20

ДУШАНБЕ, 17.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. ҶДММ «Спитамен Текстайл»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати “Baoshan Tianfang Science and Technology LTD”-и  Кореяи Ҷанубӣ Созишномаи ҳамкории сармоягузорӣ имзо кард, ки он ба ҷониби Тоҷикистон имкон медиҳад истеҳсолоти худро як баробар афзоиш диҳад. Намояндагони ду ширкати нассоҷӣ бо ҳамдигар дар Намоишгоҳи байналмилалии ришта дар Истанбул моҳи феврали соли гузашта вохӯрда, доир ба ҳамкорӣ ба мувофиқа расида буданд. Дар ин бора аз ҶДММ «Спитамен Текстайл» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ширкати кореягӣ узви “Tianjin Tianfang Investment Holding Co Ltd”- истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи маъруфи маҳсулоти нассоҷӣ дар кишвараш мебошад.

Ба иттилои муассис ва директори кулли ҶДММ “Спитамен Текстайл” Акбар Ҳакимов, бо шарофати ҳамкорӣ бо ширкати кореягӣ онҳо соҳиби таҷҳизоти замонавии коркарди нахи пахта ва истеҳсоли ришта мешаванд.

Директори фабрикаи нассоҷии ҶДММ “Спитамен Текстайл” Мирзоқодир Бақоев иброз намуд, ки тавоноии истеҳсолии онҳо аз 7560 дуки ресандагӣ ҳоло то ба 14000 дук расида, содирот низ як баробар афзоиш меёбад. Ҳамкорӣ бо ширкати кореягӣ ҳамчунин дар харидории нахи пахта ва дарёфти муштарӣ барои риштаи истеҳсолшуда ёрӣ хоҳад расонид.

Ҳаҷми умумии сармояи пешбинишуда ба “Спитамен Текстайл” имкон медиҳад, то шумораи кормандонро аз 184 нафари ҳозира то 300 нафар зиёд кунад, тавоноии истеҳсолии корхонаро як баробар афзоиш диҳад ва таҷҳизоти зарурии ресмонресиро бо ҳадафи афзоиши навъи маҳсулоти омода бихарад. Феълан, мутахассисони Кореяи Ҷанубӣ дар ноҳияи Спитамен қарор дошта, корҳои омодагиро оғоз кардаанд.

Ҷиҳати татбиқи ҳадафи коркарди пурраи пахта дар дохили ҷумҳурӣ ҶДММ «Спитамен Текстайл» истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагиро низ рӯзҳои наздик роҳандозӣ мекунад. Дар ноҳияи Файзобод бинои корхонаи дӯзандагии ин ҷамъият аллакай омода буда, қисман муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар назар аст, ки бо пурра муҷаҳҳаз гардидани корхона ва ба истеҳсолот оғоз кардани он бонувони маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин гарданд.

ҶДММ «Спитамен Текстайл» соли 2009 таъсис ёфта, яке аз бузургтарин корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон бо соҳибмулкии пурраи маҳаллӣ мебошад. Ширкат бо таҷҳизоти замонавии итолиёвӣ муҷаҳҳаз буда, маҳсулоташ ба ҳамаи меъёрҳои ҷаҳонӣ мувофиқ мебошад. Маҳсулоти худро ширкат асосан ба Чин, Туркия ва Кореяи Ҷанубӣ содирот менамояд.

Март 17, 2020 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд