«ДУШМАНИ АСЛИИ МО ВИРУС НЕ, БАЛКИ ҲАРОС, ВОҲИМА ВА СТИГМАТИЗАТСИЯ АСТ*». Бо чунин изҳорот ширкати «Фаровон-1» имрӯз ба аҳолии мамлакат муроҷиат намуд

Март 5, 2020 13:15

ДУШАНБЕ, 05.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Душмани аслии мо вирус не, балки ҳарос, воҳима ва стигматизатсия аст»,  омадааст дар муроҷиати ширкати саноатии «Фаровон-1» ба аҳолии мамлакат, ки имрӯз дар саҳифаи ширкат дар Facebook гузошта шуд. Дар муроҷиатнома, аз ҷумла омадааст:

«Дар робита ба паҳн шудани маълумот дар бораи он ки коронавирус ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя ошкор шудааст, аҳолии Тоҷикистон ба харидани миқдори зиёди маҳсулоти хӯрокворӣ шурӯъ намудаанд. Чунин вазъиятро зиёд паҳн намудани паёмҳо тавассути мессенҷерҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи паҳншавии вирус боз ҳам бадтар месозад.

Пешгирӣ маънои воҳима карданро надорад, балки чораҳои пешгирии хатарҳои эҳтимолиро дар назар дорад.

Ширкати «Фаровон-1», ки яке аз калонтарин истеҳсолкунандагони орд дар ҷумҳурист, ба шумо иттилоъ медиҳад, ки захираҳои маҳсулоти тайёр ва инчунин захираҳои гандум метавонанд сокинонро бардавом бо орди навъҳои гуногун таъмин кунанд. Дар интиқоли гандум ба ҷумҳурӣ мушкилот вуҷуд надорад ва шарикони асосии мо аз Қазоқистон низ аз мо даъват ба амал меоранд, ки ба ваҳму воҳима наафтем.

Нуқтаҳои тиҷоратии хусусии мо маъмулан дар тамоми шаҳру ноҳияҳо фаъолият доранд.

Мавриди зикр аст, ки ҳолати паҳнкунии иттилоот ба нарх ва инчунин норасоии орд таъсир намерасонад. Мо аз мардуми Тоҷикистон даъват менамоем, ки ба ваҳму воҳима наафтанд. Тавре мегӯянд: танҳо амалҳои одию фаҳмо аз воҳима наҷот медиҳанд.

Аз шумо хоҳиш менамоем, ки орд ва равғанро бо нархи баланд аз ҳаннотҳои гуногуни беинсоф, ки мехоҳанд аз ин ҳолати  шумо истифода кунанд,  харидорӣ накунед …».

 

Ёдовар мешавем, ки ширкати бисёрсоҳаи тиҷоратию истеҳсолии «Фаровон» тӯли 15 сол аст, ки яке аз ширкатҳои пешрафта маҳсуб ёфта, фаъолияташ дар тамоми қаламрави Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. «Фаровон» рӯз аз рӯз фаъолияти мураккабу ҳаётан муҳимро таъмин намуда, ҳоло яке аз ширкатҳои босуръат рушдёбандаи Тоҷикистон мебошад.

Ба гурӯҳи ширкат 3 корхонаи истеҳсоли орд, корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво, парандапарварӣ ва як қатор корхонаҳо оид ба истеҳсоли конструксияҳои металлӣ, панелҳои сэндвич, хишти пухта, бетон, шағал ва ғайра шомиланд.

Ширкат инчунин дорои маҷмааи нигаҳдорӣ ва паҳн намудани ғалла бо ҳаҷми 50,000 тонна мебошад.

Дар баробари ин, ширкат ба истеҳсоли равғани растании хушсифат оғоз кардааст.

ДАР АКСҲО: анборҳои ширкати «Фаровон-1». Аксҳо аз сомонаи ширкат

—————————————————————-

*Стигматизатсия —  аз ҳад гузаронидан дар хулосабарорӣ ва муносибат ба чизе, як навъ ифрот;  гузаштани баъзе сифатҳои манфӣ аз намояндагони алоҳида ба аъзои дигари ҷомеа    (тавз. АМИТ «Ховар»).

 

Март 5, 2020 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»