Фархор: Дар арафаи Рӯзи Модар масъулин ба аёдати занҳои дарозумр рафтанд
ФАРХОР, 05.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Модар ба 6 нафар занони дарозумри ҷамоатҳои «Дарқад», «Деҳқонариқ», «Зафар», «Ватан» ва «Ғалаба»-и ноҳияи Фархор, ки синнашон аз 100 то 110 расидааст, кумаки моддӣ, аз қабили орд, равған, биринҷ ва дигар маҳсулоти хӯрокӣ расонида шуд.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор дар ноҳияи мазкур бахшида ба Рӯзи Модар барномаи фарҳангӣ баргузор шуд, ки дар он зиёда аз 226 нафар занони гуногункасб ва собиқадорони меҳнат иштирок доштанд.
Раиси ноҳияи Фархор Рустам Раҳматзода занону бонувонро бо ин рӯзи фархунда табрик намуда, зикр намуд, ки «маҳз аз дабистони аввалин — домони модар мо зистан ва маънии ҳастиро дарк кардаем. Модар барои солиму бардам ба воя расидану инсони комил гаштани мо чи ранҷҳое накашидааст. Тавре шоир мегӯяд: «Як шаба он ранҷ, ки модар кашид, Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид! Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки модаронро чун гавҳараки чашм бояд нигоҳ дорем ва иззату эҳтироми онҳоро ба ҷо биёрем».
Раиси ноҳия ба 226 нафар занон туҳфаҳои хотиравӣ супорид, ки аксари онҳо кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи ҳуқуқ, коммуналӣ, боғҳои фарҳангӣ ва арсаҳои мухталиф ба шумор мерафтанд.
Тавре мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Дилбар Қалбова мегӯяд, дар ноҳияи Фархор 82 ҳазору 810 нафар занон фаъолият дошта, аз ин шумора 15 нафар хизматчии давлатӣ буда, 605 нафарашон ба корҳои роҳбарикунанда ва аксари дигарашон ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар гардидаанд.
Инчунин аз ҷониби роҳбарияти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия ба се нафар занҳои камбизоат ва собиқадор туҳфаҳои молӣ супорида шуданд.
Дар хатми барномаи фарҳангӣ ба 12 нафар занони фаъоле, ки дар ташкилоту муассисаҳо ва сохторҳои ҷамъиятӣ фаъолият доранд, сипосномаҳо тақдим карда шуд.
Санъаткорони шуъбаи фарҳанги ноҳия бо савту навои хуш табъи ҳозиринро болида гардониданд.











Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






