Хадамоти зиддиинҳисорӣ: «Нарх танзим гардида, вазъи бозор дар ҳолати муътадил нигоҳ дошта мешавад!»

Март 5, 2020 12:11

ДУШАНБЕ, 05.03.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки овозаҳо вобаста ба баландшавӣ ва камчинии маводи озуқаворӣ дар пасманзари паҳншавии сирояти коронавирус дар дигар давлатҳо, ки мардумро ба таҳлука овардааст, асоси воқеӣ надошта, бардурӯғ ва носаҳеҳ мебошанд. Зеро захираи маводи ғизоӣ дар бозорҳои мамлакат ба қадри зарурӣ мавҷуд аст ва корхонаҳои истеҳсолӣ ба таври муқаррарӣ фаъолият намуда истодаанд.

Тибқи маълумоти расмии мақомоти дахлдор, то ба имрӯз дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва воридшавии вируси мазкур тамоми чораҳоро роҳандозӣ  менамояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати танзими бозорҳо ва пешгирии беасоси болоравии нархҳои маҳсулоти мавриди ниёзи аввалин тамоми тадбирҳоро андешида, барои муътадил нигоҳ доштани вазъи бозор ба мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шудааст.

Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор, ки татбиқи сиёсати давлатиро дар самти танзими нарх дар бозорҳои мол, кор ва хизматрасонӣ амалӣ менамояд, ба ҳамаи ҳамватанон муроҷиат намуда, изҳор медорад, ки ба овоза ва ҳангомаҳои беасос дода нашаванд.

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018 «Дар бораи номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд», Хадамоти зиддиинҳисорӣ пайваста дар бозорҳои ҷумҳурӣ мониторинг гузаронида, барои роҳ надодан ба болоравии беасоси нархҳои молу маҳсулот тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Ба иттилои шаҳрвандон мерасонем, ки бо мақсади пешгирӣ ва чораҷӯӣ аз поймолшавии ҳуқуқҳои истеъмолкунандон ва назорати доимии вазъи бозори молӣ дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ телефони боварӣ фаъол мебошад, ки дар сурати мушоҳида намудани ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва аз нархҳои муқаррарӣ баланд фурӯхтани молу маҳсулот ба телефони боварии 21-21 муроҷиат намоянд.

АКС аз бойгонӣ

Март 5, 2020 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»