Италия аз рӯи фавт аз сирояти коронавирус аз Чин гузашт

Март 20, 2020 11:26

ДУШАНБЕ, 20.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мутобиқи маълумоти сардори Хадамоти ҳифзи шаҳрвандии Италия  Анжело Боррелли, тӯли шабонарӯз 427 бемори гирифтори коронавируси  COVID-19  фавтидаанд. Ҳамин тариқ, дар ин кишвар шумораи умумии  қурбониёни ин маризӣ  3405  нафарро ташкил медиҳад. Ҳамзамон дар Чин, ки пандемия  аз он ҷо оғоз  ёфтааст, 3245 ҳолати фавт  ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».  

«Бо таассуф бояд гуфт, ки то ба имрӯз мо 427 ҳолати фавтро сабт намудаем. 415 нафар шифо ёфтанд, ки теъдоди умумии онҳо ба 4440 нафар расид»,- гуфт ҷаноби Боррелли (иқтибос аз «РИА Новости»).

Дар маҷмӯъ, зиёда аз 41 ҳазор итолиёвӣ гирифтори вируси  COVID-19 гаштаанд, аз ҷумла онҳое, ки сиҳат шуданд ва фавтиданд, низ ба ин шумора ворид мешаванд. Вилояти Ломбардия  вазъияти бадтарини  эпидемиявиро  ин рӯзҳо паси сар месозад, онҷо тахминан 20 ҳазор ҳолати сироят мавҷуд аст.

Аз рӯи иттилои Кумитаи давлатӣ оид ба  масоили тандурустии  Чин, тӯли шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Чини материкӣ ягон ҳолати сироят бо коронавирус  қайд нагардидааст, ҳамаи 34 сироятшуда шахсонеанд, ки  аз хориҷа ба Чин омадаанд.

«Айни ҳол 7263 нафар беморанд, (2314 нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд), 70 420 аз беморхона раҳо шуданд ва  3245 нафар ҳалок гаштаанд»,- изҳор  намуд хадамоти Чин рӯзи панҷшанбе.

То рӯзи 19 март, дар тамоми олам 218,8 ҳазор  бемории коронавируси  COVID-19 тасдиқ шудааст,  8,8 ҳазор нафар  ба ҳалокат расида, 84 ҳазор шифо ёфтанд.

Акс: Reuters

Март 20, 2020 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Дар Қазоқистон беш аз 1600 нафар барои либосе, ки чеҳраро пурра мепӯшонад, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд