МАҲЛУЛИ ОЛИМОНИ ТОҶИК БАРОИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС! Академияи илмҳои Тоҷикистон ба истеҳсоли гипохлорити натрийи тиббӣ оғоз намуд

Март 2, 2020 18:00

ДУШАНБЕ, 02.03.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мубориза бо вирусҳо, аз ҷумла намудҳои гепатит, ВИЧ/СПИД, зукоми мавсимӣ ва, албатта, коронавирус бо пешниҳоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истеҳсоли гипохлорити натрийи тиббӣ оғоз намуд.  Дар ин бора таваҷҷуҳ намоед ба гузориши хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ. 

Тавре Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод РАҲИМӢ  иброз намуд, гипохлорити натрий бо мақсади безаҳрсозии қабати беруна, шустушӯи даст, ҳолати беҳдоштию санитарӣ, безаҳрсозии зиддивирусии ҷойҳои ҷамъиятӣ, корӣ ва ғайраҳо истифода мешавад.

Тибқи маълумоти масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, то ҳол дар ҷумҳурӣ гипохлорити натрийи тиббӣ истеҳсол нагардида, ин маҳсулот пурра аз хориҷи мамлакат ворид мешуд.

29 феврал намунаи ин маҳсулоти истеҳсолшудаи олимони тоҷик ба муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли ҶТ  Мирҳамуддин Камолзода муаррифӣ гардид.  Номбурда тавсия дод, ки истеҳсоли аввалин ба Беморхонаи касалиҳои сироятӣ дар шаҳри Душанбе, ки дар он ҷо нафарони дар карантинбуда нигоҳ дошта мешаванд, интиқол дода шавад.

ДАР АКС: гипохлорити натрий.

Имрӯз, 2 март,  аввалин маҳсулоти истеҳсолшуда — гипохлорити натрийи тиббӣ  — ба ин муассисаи тиббӣ дастрас карда шуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз озмоишгоҳи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дидан намуд. Айни ҳол дар озмоишгоҳ гурӯҳи олимон иборат аз химикҳо, физикҳо, технологҳо фаъолият карда истодаанд.

ДАР АКС: хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ аз лаборатория дидан намуд.

Дар озмоишгоҳ барои тоза кардани об 3 дистилятор насб карда шудааст. Аввал обро тоза карда бо намак якҷоя мекунанд. Ҷараёни ҷудо шудани намак якуним соат идома меёбад. Барои ҳосил намудани 1 тонна маҳлули гипохлорити натрийи 0,5 % 50 кг намак лозим аст.

Ба маълумоти масъулин, ҳоло истеҳсоли шабонарӯзии гипохлорити натрийи тиббӣ 3-4 тонро ташкил медиҳад, бо зиёд гардидани талабот ба ин маҳсулот истеҳсоли он он афзун карда мешавад. Ашёи хоми он – намаки тоза низ истеҳсоли ватанӣ мебошад. Дастгоҳе, ки барои истеҳсол кардани гипохлорити натрийи тиббӣ насб шудааст, аз ҷониби худи олимон васлу насб карда шудааст.

ДАР АКС: Президенти АИ ҶТ дар лаборатория.

Имрӯз дар бозори ҷаҳонӣ нархи дастгоҳҳои гипохлорити натрийи тиббӣ аз 3 то 16 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд.

Бино ба маълумоти академик Фарҳод Раҳимӣ, оид ба истифодаи маҳлули гипохлорити натрий аз ҷониби олимони Акаемияи илмҳо дастурамал низ омода шудааст. Дар дастурамал таъкид шудааст, ки гипохлорити натрий намаки кислотаи хлорид буда, дар манбаъҳои бемориҳои сирояткунанда бо мақсади безараргардонии ашёҳо, таҷҳизоти санитарӣ-техникӣ, биноҳо, зарфҳо ва объектҳои махсус истифода бурда мешавад.

ДАК АКС: истеҳсоли гипохлорити натрий дар лабораторияи АИ ҶТ.

Безараргардонӣ бо маҳлули хлорити натрий тавассути пошидан, тоза кардан, шустан, тар кардани объектҳое, ки дар ин ҳангом вайрон намешаванд, амалӣ карда мешавад.

Либосҳои таг ва матоъҳои ранга, ҳамчунин ашёҳои металлиеро, ки ба коррозия гирифтор мегарданд ба маҳлули гипохлорити натрий коркард кардан мумкин нест.

Ҳангоми сирояти шаклҳои нашвии микроорганизмҳо маҳлули гипохлорити натрий аз рӯи реҷаи зерин истифода бурда мешавад:

— Фаршу девори биноҳо, ҷиҳози чӯбин ва дигар ашёи наздиҳавлигӣ бо маҳлули 1%-и гипохлорити натрий (аз рӯи хлори фаъол) ба ҳисоби  300-500 мл/м2 дар муддати 1 соат коркард карда мешаванд. Баъди безараргардонӣ ҳавои бино тоза карда мешавад.

— Барои безарар гардонидани ашёи нарми камарзиш, латта ва маводи ғундоранда маҳлуле, ки дар таркибаш 1% хлори фаъол дорад аз рӯи ҳисоби 4-5 литр барои 1 кг ашёи хушк истифода бурда шуда, ашё дар маҳлул муддати 1 соат нигоҳ дошта мешавад.

— Маснуоти зарфӣ дар маҳлуле, ки 0,25 – 1% хлори фаъол дорад дар муддати 1 соат аз рӯи ҳисоби 1,5 литр маҳлул барои 1 комплект зарф безарар гардонида мешавад. Баъди безараргардонӣ зарф тоза шуста мешавад.

— Ванна, унитаз, дастшӯяк ва дигар таҷҳизоти санитарӣ-техникӣ бо маҳлули 1%-и гипохлорити натрий коркард карда мешаванд.

— Партовҳои моеъ ва боқимондаҳои ғизоӣ ба маҳлули сероб нагардидаи гипохлорити натрий аз рӯи таносуби 1:1 безарар карда мешаванд. Зарфи шабмонда баъд аз безараргардонидан ва рехтани маводи дохили он бо маҳлули 0,25% гипохлорит (аз рӯи хлори фаъол) коркард карда шуда, баъдан зарф тоза шуста мешавад.

— Қабати болоии хок, роҳравҳо ва дигар объектҳое, ки берун аз бино ҷойгир шудаанд ба маҳлули 1% гипохлорити натрий (аз рӯи хлори фаъол) аз рӯи ҳисоби 1,5 мл/м2 безарар гардонида мешаванд…

Президенти Академияи илмҳо инчунин зикр кард, ки ҳангоми кор бо гипохлорити натрий корманд вазифадор аст, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя намояд. Бо ин мақсад воситаҳои шахсии муҳофизатӣ (респиратори РУ-60 бо патрони тамғаи А, айнаки муҳофизатӣ, дастпӯшаки резинӣ, пойафзоли муҳофизатӣ)-ро истифода бурдан зарур аст.

Ҳангоми ба пӯст ва чашм расидани гипохлорити натрий ин узвҳоро тез бо оби зиёди тоза шустан зарур аст.

Дар ҳолате, ки ба мамлакат воридшавии короновирус таҳдид менамояд, истеҳсоли гипохлорити натрийи тиббӣ саривақтӣ мебошад. Олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни ҳол инчунин барои баланд бардоштани иммунитет бо истифода аз гиёҳҳои шифобахши мамлакат тадқиқот бурда истодаанд. Рӯзҳои наздик дар бораи он маълумоти муфассал пешниҳод мегардад.

Март 2, 2020 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода