Мудири кафедраи фалсафаи АИ ҶТ Нусратулло Зокирзода: «Бояд фанни нав – «Масъалаҳои фалсафии табиатшиносӣ» ҷорӣ шавад»

Март 10, 2020 13:10

ДУШАНБЕ, 10.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Илм  як  намуди  фаъолияти  маънавии инсон ва дар  навбати  худ ниҳоди  иҷтимоӣ  мебошад, ки   олимони  ҷавон  бояд дорои  ҷаҳонбинии  илмӣ  ва  фалсафӣ бошанд. Илмҳои   фалсафӣ   барои  рушди  ҷаҳонбинии  илмӣ ва   тафаккури  мантиқиву  танқидии олимони  ҷавон  нақши  ҳалкунанда  мебозанд. Ин матлаб зимни як ҳамоиши илмӣ, ки ба    50-солагии кафедраи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, таъкид гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҳамоиши  илмӣ-методологӣ зери унвони  «Таълим ва пажӯҳиши фалсафа  дар  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат  ва  мавқеи  он» баргузор  гардид. Дар  кори он акдемикон  М.Диноршоев, К. Олимов, докторони  илм А. Муҳаммад,  Х. Додихудоев, А. Искандаров,  Н. Содиқӣ, С. Раҳимов, Н. Сайфуллоев, Қ. Искандаров,  М. Хидирзода, П. Муҳаммадзода, С. Ахмедов, муҳаққиқони фанҳои ҷомеашиносӣ,  муаллимони  кафедраҳои  ҷомеашиносии   мактабҳои  олии ҷумҳурӣ,  унвонҷӯён ва  магистрантон иштирок  намуданд.

Мудири кафедраи  фалсафаи АИ ҶТ, номзади  илмҳои фалсафа   Нусратулло  Зокирзода иброз намуд, ки Паёми  имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои  кормандони  соҳаи  маориф ва илм   вазифаҳои  нав  ба  миён  гузошт. Ин  буд,  ки  аз  ҷониби  Пешвои  миллат солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шуд. Дар  ин  раванд  на  танҳо   барои  омӯзиши  фанҳои  ҷомеашиносӣ  диққати ҷиддӣ дод,  балки  дар  самти  омӯзиши  фанҳои   табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ низ бояд  заҳмат  кашид. Аз  ин  рӯ, мо  бояд  дар  кафедра фанни  нав – «Масъалаҳои фалсафии табиатшиносӣ» ҷорӣ  намоем.

Номбура зикр кард, ки имрӯз кафедраи фалсафаи Академияи  илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази муосири тайёр намудани  мутахассисони сатҳи  олӣ  оид ба  соҳаҳои муҳими  илмҳои  фалсафӣ  ва ҷомеашиносӣ, коллективи сатҳи олии олимон дар  симои  4 доктори  илм  ва  3  номзади илм, иштироккунандаи бевоситаи  мубодилаи таҷрибаи илмӣ дар конференсияҳо,  симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ  ва байналмилалӣ мебошад.

Инчунин  дар  кафедра  аз рӯи фанҳои  «Фалсафа  ва  методологияи  илм»,  «Таърих ва фалсафаи илм», «Методологияи  таҳқиқоти  илмӣ» ва «Методикаи  таълим дар  мактабҳои  олӣ» ба  магистрон  ва унвонҷӯён дарс  дода мешавад, ки омӯзиши  ин  фанҳо   метавонад  дар   тарбияи  олимони  ҷавон   дар  рӯҳияи  донишдӯстиву  эҷодкорӣ, худогоҳиву  худшиносии миллии онҳо  нақши  назаррас дошта бошад.

Кафедраи фалсафаи Академияи  илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 1969  таъсис  ёфтааст. Ҳанӯз  аз  рӯзҳои аввал   ва  баъд дар  сафи муаллимони кафедра олимони шинохтаи соҳаи илмҳои   фалсафӣ  С. Морочник, Х. Додихудоев, М. Диноршоев, А. Муҳаммадхоҷаев, Х. Қурбонов, К. Олимов,  Н. Сайфуллоев, М. Музаффарӣ, С. Раҳимов, М. Маҳмадҷонова, Н. Содиқӣ, З. Усмонова ва дигарон буданд.

Март 10, 2020 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст