Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Ҳамоҳангсози доимии навтаъйини СММ дар Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 14.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. 13 март Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Ҳамоҳангсози доимии навтаъйини Созмони Милали Муттаҳид хонум Сезин Синаноғлуро ба ҳузур пазируфт.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва СММ, татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, таҳкими фаъолияти ниҳодҳои СММ дар Тоҷикистон дар асоси ислоҳоти фарогири низоми рушди устувор ва баргузории Конфронси навбатии байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: «Об барои рушди устувор, 2018-2028» (Душанбе, 18-22 июни соли 2020)-ро баррасӣ намуданд.
Инчунин роҷеъ ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об, татбиқи барнома ва лоиҳаҳои СММ дар Тоҷикистон ва дурнамои рушди ҳамкорӣ бо ниҳодҳои СММ табодули назар сурат гирифт.
Дар фарҷоми мулоқот Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сезин Синаноғлу дар фаъолияти касбиаш дар давлати мо муваффақият орзу намуд.
Акс аз ВКХ ҶТ








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд






