Муовини Сарвазир ба роҳбарияти вилояти Хатлон супориш дод, ки киштро сари вақт анҷом диҳанд
ДУШАНБЕ, 13.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода 12 март зимни иштирок дар маъракаи кишти пунбадона дар хоҷагии деҳқонии «Субҳон»-и Ҷамоати деҳоти «Намуна»-и ноҳияи Панҷ ба роҳбарияти вилоят, масъулини Сарраёсати кишоварзии вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо супориш дод, ки то 5 апрел кишти пахтаро дар тамоми заминҳои кишоварзӣ ба 90 фисад расонида, камбудиҳои дар ин самт ҷойдоштаро бартараф намоянд.
Дар маъракаи мазкур ҳамчунин Вазири кишоварзӣ Амонулло Салимзода, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Панҷ иштирок намуданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.
Майдони кишти пахтаи ноҳияи Панҷ зиёда аз шашуним ҳазор гектарро дар бар гирифта, кишоварзон ният доранд ҳар ваҷаби замини корамро сарфакорона истифода бурда, имсол ҳосили хуби пахта ба даст оранд.
Замини кишти хоҷагӣ аз 11 гектар иборат буда, дар 1 гектар боғ, 2 гектар гандум ва дар 8 гектари он пахта кишт карда мешавад.
Пахтакорони ноҳияи Панҷ бо дарки масъулият аз оғози мавсими баҳор ба омоданамоии техникаи кишоварзӣ, интихоб ва парвариши навъҳои беҳтарини пунбадона ва риояи талаботи агротехникии парвариш эътибори ҷиддӣ зоҳир намуданд.
Соҳаи пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии стратегии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Даромад аз фурӯши маҳсулоти асосии пахта — нах, инчунин чигит, тибит ва ғайра ба миқдори 20-25 фоизи даромади солонаи миллиро ташкил медиҳад. Аз пахта ба воситаи коркард беш аз 300 намуд маҳсулоти хоҷагии халқ истеҳсол мешавад.








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






