Муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода дар таҷлили Наврӯз дар Қалъаи Ҳисор иштирок намуд

Март 22, 2020 11:20

ДУШАНБЕ, 22.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз ва пойандози сабзе, ки фасли баҳор дар сарзамини биҳиштии мо эҳё кардааст, моро ба  сӯи мақсади олӣ- татбиқи волотарин ормонҳои давлатдорӣ ва сиёсати Ҳукумати мамлакат дилпурона ҳидоят менамояд. Ин нукта дар тантанаҳои ҷашни  Наврӯзи байналмилалӣ дар Қалъаи Ҳисор, ки бо иштироки  муовини Сарвазири мамлакат  Ширин  Исматуллозода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сурайё Уроқова, роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳр ва сокинону фаъолони  он баргузор шуд, иброз гардид.

Зимни ҷамъомад муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода таманниёти наврӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба самъи сокинони шаҳри Ҳисор расонид.

Меҳмонон ҳамзамон  бо раиси шаҳри Ҳисор  Шарифҷон Ҷумъазода аз растаҳои наврӯзии сокинони маҳаллаҳо, ки таҷассумгари анъанаву суннатҳои Наврӯз буданд,  дидан намуда, инчунин ба 30 нафар кӯдакон дар маъракаи хатнатӯяшон туҳфаҳои идона тақдим карданд.

Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода иброз дошт, ки иди Наврӯз бо саъю кӯшишҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ ва иди мардумӣ пайдо намуда, аз суннатҳои деринаи мардуми тоҷик ба шумор меравад ва ҳамасола дар қаламрави мамлакат, аз ҷумла дар шаҳри Ҳисор бо шукӯҳу шаҳомати беандоза таҷлил мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд, ки бахшиши гуноҳҳо, навозиши ятимону маъюбон, аёдати калонсолону беморон, хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон ва саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву ободонӣ, донаи умед коштан, ниҳоли босамар шинонидан, тозаву озода кардани хонаву кошона ва кӯчаву растаҳо, инчунин, либоси тозаи идона ба бар кардан аз ҷумлаи суннатҳои асосии Наврӯз ба шумор мераванд. Бо иҷрои ин суннату анъанаҳои наврӯзӣ файзу баракати идона дар ҳар хонадон эҳсос мешавад ва Наврӯз таблиғгари рӯшноӣ, адолат, сулҳу ваҳдат буда, ба инсонҳо ободкориву созандагӣ, накӯкорӣ, эҳтироми инсону дастгирии ятимон ва иҷрои корҳои хайру саховатро меомӯзонад ва аз замони пайдоиши худ то ба рӯзгори мо ҳидоятгари гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори нек аст.

Наврӯзи имсола барои сокинони шарафманди шаҳри Ҳисор саҳифаи наверо дар роҳи вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва устувории сулҳу ваҳдати миллӣ оғоз намуд.  Аз оғози соли равон диёри азизи мо бештару назаррастар ба арсаи ягонагӣ ва сарзамини сулҳу ваҳдати миллӣ мубаддал гардида,  сокинони он бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки аз Паёми навбатиашон ба сокинони мамлакат бармеояд ва истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  дучанд  фаъолият менамоянд.

Бо дахли корҳои обоонию созандагӣ, Раиси шаҳри Ҳисор афзуд, ки бахшида ба ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар тамоми маҳаллаву деҳаҳо корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо мақсади бунёд, таҷдид ва навсозии 767 иншооти ҷашнӣ босуръат идома дошта, бахшида ба ҷашни Наврӯз дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мавриди истифода қарор гирифтани 57 иншооти таъйиноти гуногун ва дар маҷмӯъ 261 иншоот аз садоқати шаҳрвандон ба дастуру ҳидоятҳои падаронаи Пешвои миллат гувоҳӣ медиҳанд.

Барномаи фарҳангии аҳли ҳунари шаҳр, ки фарогири бузургдошти Наврӯз ва сулҳу ваҳдат буд, аз ҷониби сокинон хуб пазироӣ гардид.

Март 22, 2020 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

15 МАЙ- РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИҚЛИМ. Тағйирёбии иқлим аз ҷомеаи ҷаҳон ҳамкории устувор ва дурандешӣ тақозо менамояд
МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ