НАВРӮЗИ НАВИН БА САД НАВО ОМАДААСТ… Хуҷаста бод шукуфоӣ ва гулафшонии баҳори Тоҷикистон!
ДУШАНБЕ, 21.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ниҳолеро бидидам дар хамгашти сари кӯча, ки бо ҳама вуҷуд ончунон шукуфта буд, ки ҳатто танаву шохаҳяш наменамуданд. Як қомати саропо гулафшон! Ҳавасам омад аз ин шукуфоӣ — бо ҳама вуҷуд, чунин вораста аз худ шукуфтану берун баромадан аз ҳабси бадан. Хуҷаста бод чунин раҳоӣ аз банд- банди хеш! Хуҷаста бод чунин шукуфоӣ, ки тавонӣ саропо гулафшон бошӣ! Чунин нигоштааст ходими адабии АМИТ «Ховар», Шоири халқии Тоҷикистон Камол НАСРУЛЛО ва ҳамзамон ҳама дӯстон, тамоми ҳамватани арҷманд ва аҳли башарро самимона бо Наврӯзи муборакқадам ва хуҷастахисол, Наврӯзи наҷотбахше, ки омадааст, то боз моро аз ҳама балоҳои охирзамон наҷот бидиҳад, табрик намуда, ду қитъа тозатарин шеърҳои наврӯзии худро тақдими хонандагон намудааст:
Дасти мададе баҳри раҳо омадааст!
Наврӯзи навин ба сад наво омадааст!
Навмед чӣ гуна метавон буд, эй дӯст?
Зеро назари Худо ба мо омадааст!
Дар зер ду шеъри ба Наврӯз бахшидаи шоирро манзури хонандагон мегардонем:
ГУЛ ШАВУ ХЕШРО РАҲОН
Аз тани як ниҳол, бин, гул зада рӯ ба сад забон!
Аз тани сарди хештан гул шаву хешро раҳон!
Бин, ки чӣ гуна барг-барг роз ҷалист дар танаш,
Бин, ки чӣ гуна ишқ-ишқ меҳр фурӯзад аз ниҳон.
Поку зулол инчунин кист зи худ раҳо шавад?
Кист, раҳо зи фанди худ дар назари Худо шавад!?
Гул кӣ кунад, гул кӣ кунад дарди ниҳоди хешро!?
Файзи фараҳфишон кунад доду видоди хешро!?
Оҳ, баҳори нозанин, омаданат хуҷаста бод!
Беш зи як табассуме нест таҷассуми ҳаёт.
Банд ба банд хоҳам аз зулмати тан раҳо шавам!
Гар нафасест умри ман, ман ҳама тан сафо шавам!
Дар тани навдае чунин файзу саодат аз куҷост?
Ё ки ишора аз кафи дасти саховати Худост?
Гарди ғубору ғуссае дар дилу ҷони худ намон!
Ибрат аз ин дарахт бар, бишкуфу хешро раҳон!
Оҳ, шукуфтане чунин дар ҳавасам нуҳуфта аст!
Оҳ, ниҳон чи розҳо дар нафасам нуҳуфта аст!
Панди гули баҳор бар, пайки умеди хеш бош!
Бар сари раҳгузорҳо аз фари меҳр гул бичош!
Ҳамчу дарахти рӯи раҳ рӯ зану сар ба сар шукуф!
Ҳарф ба ҳарфу гул ба гул, гашта зи худ бадар, шукуф!
НИЁИШ БА ХУДОВАНД ДАР
ОСТОНАИ НАВРӮЗИ НАҶОТБАХШ
Эй Худованди кариму меҳрубон!
Аз балоҳо миллати моро раҳон!
Миллате, ки бо шараф, бо нанги худ,
Дар миёни кӯҳсори санги худ,
Дар муҳити беамони танги худ,
Дард дар ҷон рӯи хандон доштаст,
Осмонро рӯи дастон доштаст.
Эй Худованди кариму меҳрубон!
Аз балоҳо миллати моро раҳон!
Миллати покизаву некӯсиришт,
Бо ҳазорон ҷабрҳои сарнавишт,
Ҷуз накӯӣ дар замин чизе накишт.
Миллате, ки хайру эҳсону суруд,
Мебаромад чашмасонаш аз вуҷуд.
Эй Худованди кариму меҳрубон!
Аз балоҳо миллати моро раҳон!
Миллати ганҷи сухан андар замир,
Миллати сарводаҳои беназир,
Сарзамини хурди мардони кабир,
Родмардиву футуват дар ҷаҳон
Паҳн шуд аз ин замин, з-ин остон!
Эй Худованди кариму меҳрубон!
Аз балоҳо миллати моро раҳон!
Миллати бо чашмасорон ҳамзабон
Миллати оинатабъ, оинаҷон,
Миллате бо сабри сангин дар равон,
Миллате, к-ин гуна хушҷон зистаст,
Поку зебову гулафшон зистаст!
Эй Худованди кариму меҳрубон!
Аз балоҳо миллати моро раҳон!
Ҳар як ойинаш, бубин, оинасон
Гашт рамзи меҳру покӣ дар ҷаҳон,
Дар танаш некист ӯро ҷои ҷон,
Миллати Наврӯзу ҷашни Меҳргон,
Миллати сад суннати озодагон!
Эй Худованди кариму меҳрубон!
Аз балоҳо миллати моро раҳон!!!








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






