Ниқобҳои бисёрқабатаи аз дока омодакардашуда қобилияти бештари муҳофизат аз коронавирусро доранд
ДУШАНБЕ, 02.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Барои пешгирӣ аз коронавирус мутахассисон тавсия медиҳанд, ки ҳар як нафар гигиенаи шахсиро риоя намуда, дастонро бояд тез- тез бо собун ва ё маҳлулҳои безараргардонанда шӯяд. Бояд ба пардаҳои луобӣ, хусусан бинӣ, чашм ва даҳон камтар даст расонид. Истеъмоли меваҷоту сабзавоти аз витаминҳо бой бисёр муҳим мебошад. Инчунин истифода аз ниқобҳои тиббӣ манфиатовар дониста мешавад.
Вале, дар мавриди истифодаи ниқобҳои тиббӣ мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Саидбек Сатторов ба он назар аст, ки ниқобҳои тиббие, ки имрӯзҳо дар дорухонаҳо ба фурӯш бароварда шудаанд, таъсири ками муҳофизатӣ доранд. Зеро онҳо тунук ва дорои сӯрохиҳои калон мебошанд. Инчунин андозаи коронавирус нисбат ба андозаи сӯрохиҳои ниқобҳои тиббӣ чандин маротиба хурд мебошад ва он метавонад бемамониат аз он гузарад.
Аз ин рӯ профессор Саидбек Сатторов иброз медорад, ки ба харидории ниқобҳои яккарата зарурати зиёд нест. Зеро истифодаи он 2-3 соат буда, пас аз ин ниқоб қобилияти муҳофизатии худро гум мекунад.
Бино ба тавсияи номбурда, истифодаи ниқобҳои бисёрқабатаи аз дока омодакардашуда манфиатовар мебошад.
«Ин гуна ниқобҳоро ҳар як нафар метавонад дар хона худаш омода намояд. Докаро бисёрқабата карда, дар байни он пахта бояд гузошт. Зеро пахта вазифаи микробполоиро (филтр) иҷро намуда, қобилияти муҳофизат аз вирусро зиёд менамояд. Дар ҳолати аз қабатҳои дока гузаштани микроб он ба пахта мечаспад ва пахта микробро дар худ нигоҳ дошта, намегузорад, ки ба роҳи нафас ворид шавад. Ҳангоми истифода аз ин гуна ниқобҳо мо метавонем худро аз таъсири вирусҳо беҳтар нигоҳ дорем», — гуфт профессор.
Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар ин маврид зикр намудааст, ки ниқобҳои тиббӣ аз коронавирус ҳифз карда наметавонанд, вале онҳо хатари сироятро кам менамоянд. Пӯшидани ниқобҳои тиббӣ метавонад сабаби маҳдуд шудани бемориҳои роҳи нафас гардад. Вале, танҳо истифодаи ниқоб кафолати ҳифз шудан аз сироятро надорад, бояд ҳамчунин чораҳои дигари пешгирикунанда риоя карда шаванд.








Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»






