Оқибати офати табиӣ дар роҳи мошингарди Лаби Ҷар – Сангвор –Дарвоз бартараф гардид
ДУШАНБЕ, 26.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. 25 марти соли равон, соати 17:40 дар километри 22-юми роҳи мошингарди Лаби Ҷар — Сангвор-Дарвоз аз сабаби боришоти пуршиддат сел ба вуҷуд омада, ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар роҳи мазкур ба мушкилӣ рӯ ба рӯ кард. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тавре аз Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилӣ (МДНРА)-и ноҳияи Сангвор иттилоъ доданд, корҳои бартарафсозии оқибати офати табиӣ ва таъмини ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт дар роҳи мазкур идома дошта, то соати 22:00 он пурра аз сангу рег тоза ва ҳаракати мошинҳо аз ду тараф ба роҳ монда шудааст.
Аз ҷониби МДНРА-и ноҳияи Сангвор дар минтақаи зикргардида, ки хавфи дубора омадани сел вуҷуд дорад, навбатдории шабонарузӣ ташкил гардида, як гурӯҳ нигоҳдорони роҳ ва як адад нақлиёти муҳандисӣ дар ҳолати омодагӣ қарор дорад. Айни замон ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт дар роҳи мазкур таъмин гардидааст.








Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд






