Парвози ҳавопаймоҳо байни Душанбе-Тошканд муваққатан қатъ гардид

Март 16, 2020 14:42

ДУШАНБЕ, 16.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 16 то 28 март парвози ҳавопаймоҳо дар масири Душанбе-Тошканд бо сабаби хуруҷи коронавирус дар Ӯзбекистон муваққатан қатъ гардид.

Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки қатъи парвозҳо байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар асоси барқияе, ки аз ҷониби Ширкати миллии ҳавопаймоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» (Uzbekistan Airways) ба мақомоти авиатсионии Тоҷикистон расидааст, сурат гирифт. Икром Субҳонзода зикр кард, ки парвозҳо байни Душанбе ва Тошканд ҳафтае ду маротиба аз ҷониби ширкати «Сомон Эйр» ва ширкати миллии ҳавопаймоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» анҷом дода мешуданд.

Мавсуф афзуд, ки чанде қабл Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус аз намояндагии ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост намуда буд, ки фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ ба хатсайрҳои Чин, Эрон, Афғонистон, Кореяи Ҷанубӣ, Италия ва ба мусофироне, ки аз кишварҳои зикргардида нияти сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд, муваққатан манъ карда шавад.

 

 

Март 16, 2020 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн