Пешвои миллат: имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 32 ҳазор хоҷагиҳои деҳқониро занон роҳбарӣ мекунанд

Март 7, 2020 13:38

ДУШАНБЕ, 07.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло дар кишвар роҳбарони 32 ҳазору 200 хоҷагии деҳқонӣ занон мебошанд. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷамъомади тантанавӣ, ки имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» ба муносибати Рӯзи Модар баргузор гардид, тазаккур доданд.

Бо дахли саҳми занон дар соҳаи хоҷагии қишлоқи мамлакат Пешвои миллат аз ҷумла таъкид намуданд, ки дар деҳоти кишвар корҳои вазнину заҳматталаб ба дӯши занону бонувон қарор доранд.

«Имрӯз аксари хоҷагиҳои деҳқониро дар мамлакат занон роҳбарӣ мекунанд. Ҳоло дар кишвар роҳбарони 32 ҳазору 200 хоҷагии деҳқонӣ занон мебошанд ва онҳо дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат саҳми шоиста мегузоранд», — иброз доштанд Президенти мамлакат.

Сарвари давлат аз дастгирии самимонаи бонувону духтарон ба иқдоми «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» истиқбол карда, зикр намуданд, ки онҳо бо эҳёи касбу ҳунарҳои қадима дар тамоми қаламрави мамлакат марказҳои ҳунармандӣ ташкил менамоянд ва ҳоло ба шарофати ташаббусҳояшон ҳазорҳо нафар занону духтарони дигар ба омӯзиши касбу ҳунар ҷалб шуда истодаанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳори умед намуданд, ки бонувону занони тоҷик дар асоси дастуру супоришҳои дар Паёми навбатии Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ гузошташуда доир ба азхудкунии касбу ҳунар амал карда, дар панҷ соли оянда бо тамоми роҳу воситаҳо барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ва косибӣ  саъю талош мекунанд ва дар беҳтар гардонидани шароити зиндагии ҳар як оила саҳми шоиста мегузоранд.

ДАР АКС: Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Доно»-и шаҳри Турсунзода, 3 январи соли 2020. Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар».

Март 7, 2020 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид