Рассоми маъруфи тоҷик Олимхон Рабиев ба унвони академики Академияи миллии тарроҳии Россия мушарраф гардид
ДУШАНБЕ, 05.03.2020 /АМИТ Ховар/. Ҳунарманди маъруф, раиси Академияи рассомони Тоҷикистон Олимхон Рабиев барои саҳми арзанда дар рушди санъати тасвирӣ, тарроҳӣ ва тарроҳии як зумра иншооти бузурги фарҳангӣ, инчунин барои ҳамкории судманд ва мусоидат дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба унвони академики Академияи миллии тарроҳии Россия мушарраф гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Шаҳодатнома ва шаҳодатномаи академикӣ 28 феврал дар Москва дар ҷаласаи васеи Раёсати Академияи миллии тарроҳии Россия бо супориши Президенти Академияи миллии тарроҳии Россия Владимир Аронов ба Олимхон Рабиев тақдим гардид.
Мавриди зикр аст, ки номбурда хатмкардаи Мактаби ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мебошад. Олимхон Рабиев фаъолияти кориашро ба ҳайси директори Мактаби рассомии бачагона, Осорхонаи таърих ва осори таърихии Ваҳдат оғоз кардааст.
Сипас ӯ солҳои 2004 — 2014 дар вазифаи Директори генералии Фонди ҷамъиятии санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, айни замон раиси Академияи рассомони Тоҷикистон мебошад.
Ба сифати иштирокчии намоишгоҳҳои рассомони тоҷик дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озарбойҷон, Қазоқистон, Ҳиндустон ва Федератсияи Россия фаъолона ширкат варзидаст. Инчунин рассоми асосии Карнавал бахшида ба Рӯзи байналмилалии Наврӯз 21 марти соли 2019 дар Душанбе, ташкилкунандаи намоишгоҳи асарҳои рассомони муосири тоҷик дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин буд.
Олимхон Рабиев дорандаи ҷоизаи дараҷаи 1-и ордени «Шараф», унвони фахрии доктори фалсафаи санъати ҷаҳонӣ дар Донишгоҳи байналмилалии Оксфорд, Дипломи Фестивали XXII байналмилалии санъати Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ, ордени Шаъну шарафи Фонди фарҳангии Санкт-Петербург мебошад.
Расмҳои рассоми боистеъдоди тоҷик Олимхон Рабиев дар коллексияҳои хусусӣ дар Москва ва Санкт-Петербург, инчунин дар ИМА, Франсия, Қазоқистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷой дода шудаанд.








Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд






