Россия аз 18 март марзҳояшро барои хориҷиён мебандад
ДУШАНБЕ, 17.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Федератсияи Россия вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро ба Федератсияи Россия аз 18 марти соли 2020 муваққатан маҳдуд мекунад. Дар ин бора Сарвазири ФР Михаил Мишустин ба сарварони чанд давлат иттилоъ дод, менависад рӯзномаи «Коммерсант».
Маҳдудияти вуруд ба инҳо дахл надорад:
— кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ дар ФР;
— ронандагони мошинҳои боркаши байналмилалӣ;
— экипажҳои ҳавопаймоҳо ва киштиҳои баҳрию дарёӣ, бригадаҳои қатораҳо ва локомотивҳои ҳаракати байналмилалии роҳи оҳан;
— аъзои ҳайатҳои расмӣ ва шахсоне, ки раводиди дипломатӣ, хидматӣ ва одии хусусии дар робита ба вафоти хешовандони наздик додашуда доранд;
— ашхосе, ки дар қаламрави Федератсияи Россия доимӣ истиқомат мекунанд, инчунин шахсоне, ки ба таври транзит тавассути гузаргоҳҳои сарҳади ҳавоӣ мегузаранд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти ҳукумат, Мишустин 15-16 март бо ҳамтоёни худ аз Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон як зумра суҳбатҳои телефонӣ анҷом додааст. «Тадбирҳои андешидаи ҷониби Россия ба тавсияҳои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ мутобиқ мебошанд ва бо сабабҳои махсус рух дода, хусусияти муваққатӣ доранд», — омадааст дар гузориш.
Ёдовар мешавем, ки манбаъҳои «Коммерсант» иттилоъ дода буданд, ки мақомоти Россия имкони комилан бастани марзҳои Федератсияи Россияро баррасӣ мекунанд. Нақшаҳои Москва амалан тасмимҳои мақомоти бархе аз кишварҳои Ғарб ва ИА-ро, ки тасмим гирифтаанд вуруди хориҷиёнро тӯли як моҳ манъ кунанд, такрор мекунанд.








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Дар Қазоқистон беш аз 1600 нафар барои либосе, ки чеҳраро пурра мепӯшонад, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд






