Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сергей Лебедев мулоқот намуд

Март 2, 2020 20:00

ДУШАНБЕ, 02.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раиси Кумитаи иҷроия-Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, роҳбари ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба ҷараёни баргузорӣ ва натиҷаҳои интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ табодули афкор намуданд.

Сергей Лебедев аснои мулоқот ба тадбирҳои омодагӣ ва ҷараёни баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ва бо риояи талаботи қонунгузории мамлакат ва меъёрҳои байналмилалӣ амалкунанда баргузор гардид.

Ҳамчунин Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Душанбе гурӯҳи мушоҳидони байналмилалӣ аз Маҷлиси федеролии Федератсияи Россияро таҳти роҳбарии раиси Кумитаи кор бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамгироии Авруосиё ва робита бо ҳамватанони Маҷлиси федеролӣ Леонид Калашников ба ҳузур пазируфт.

Март 2, 2020 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид